Суғд: 19 нафар донишҷӯ дар хориҷа таҳсил доранд
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар» /. 20 июли соли равон Сӯҳроб Рустамзода, мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, изҳор дошт, ки барои баргардонидани 19 нафар донишҷӯёне, ки ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷ таҳсил доранд, тадбирҳои иловагӣ андешида истодаанд.
Ба иттилои Сӯҳроб Рустамзода бо талоши масъулини шуъбаи вилоятӣ, бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти дахлдор аз 649 донишҷӯе, ки дар муассисаҳои динии хориҷ таҳсили ғайрирасмӣ доштанд, 630 нафар ба Ватан баргардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки 19 нафари боқимонда аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд буда, барои баргардонидани онҳо ба Ватан масъулини шуъба бо падару модар ва хешовандони онҳо суҳбату мулоқотҳо доир намуда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






