Таҷлили Рӯзи маъюбон дар ноҳияи Б. Ғафуров

Июль 8, 2016 13:05

Душанбе, 8.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.  7- уми июл бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар тӯйхонаи «Ёдгорҷон»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров бахшида ба Рӯзи маъюбон чорабинии фарҳангиву фароғатӣ доир гардид ва  дар он барои 150 нафар сокинони имконияташон маҳдуд дастурхони идона ороста шуд.
Раиси ноҳияи Зариф Назирӣ изҳор намуд, ки ҳеҷ як қишри ҷомеа аз ғамхориву парасторӣ ва дастгирии давлату ҳукумат берун нест ва намемонад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайваста ба оилаҳои камбизоат ва кӯдакон, махсусан ба нафарони ниёзманд ғамхории доимӣ ва сарпарастӣ карданро дар мадди назар мегузорад.
Ҳамчунин, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои шинохта барои дар рӯҳияи идона ҷашн гирифтани Рӯзи маъюбон консерти идона баргузор гардид.

Июль 8, 2016 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад