Ваҳдат: Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи Иди саиди Фитр
Ваҳдат, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ муддати як ҳафта инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Ҷамъияти матлуботи шаҳр дар назди бозорҳои Ҷамъияти матлубот ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гуштӣ ташкил шудааст, ки сокинони шаҳр маҳсулоти дилхоҳашонро бо нархи арзон дастрас намуда истодаанд.
Дар ярмаркаи мазкур гӯшт аз 25 сомонӣ то 31 сомонӣ, помидор 1,50 — 2 сомонӣ, бодиринг 2-3 сомонӣ, картошка 1-1,20 сомонӣ, пиёз 80 дирам то 1 сомонӣ, тухми ҶДММ «Тарз» 1 дона 50 дирам ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас бо мизоҷон пешниҳод гардидааст.
Нархи тарбуз ва харбуза дар бозорҳои шаҳри Ваҳдат аз 8 то 20 сомонӣ мебошад, ки гаронии онро масъулини шуъбаи иқтисодии шаҳр чунин шарҳ додаанд: Тарбуз ва харбузаро тоҷирони шаҳр аз шаҳру навоҳии Вилояти Хатлон бо нархи гаронтар аз деҳқонон харидорӣ намуда, бо роҳкирои қимат вориди шаҳри Ваҳдат мегардонанд. Аз ин хотир дар бозорҳои шаҳр нархи ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ каме боло рафтааст.
Ҳамчунин мутахассисони шуъбаи иқтисодии ноҳия барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи мардум, ба бозорҳои ҳудуди шаҳр сафарбар шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






