Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд

Июль 1, 2016 09:20

Душанбе, 01.07.2016/АМИТ  «Ховар»/. Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон шуруъ аз имруз -1 июл ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд.
Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон  дар суҳбат   ба хабарнигори „Ховар гуфт, ки  рухсатии меҳнатии вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат то 15 август, яъне муддати якуним моҳ   идома меёбад. Вакилони Маҷлиси намояндагон 16 август ба фаъолият шурӯъ  намуда, корро дар Кумитаҳо ва Комиссияҳои  палатаи поёнии Парлумони мамлакат идома медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки  Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешаванд.

Июль 1, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа