ВАО: Дар Туркия халабонҳое, ки ҳавопаймои Су-24 Русияро сарозер карданд, ба ҳабс гирифта шуданд
Душанбе, 19.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Бино ба иттилои агентии «Bloomberg», бо истинод ба манбаи иттилоотӣ, ду халабони неруҳои ҳавоии Туркия, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Сурия, ҳавопаймои Су-24 Русияро мавриди ҳадаф қарор доданд (сарозер карданд), ба ҳабс гирифта шуданд.
Ахиран, раиси шаҳри Анқара Мелих Гёкчек гуфт, ки яке аз иштирокчиёни табаддулоти давлатӣ дар Туркия халабоне буд, ки ҳавопаймои Су-24 Русияро сарозер карда буд.
Хотиррасон менамоем, ки 24 ноябри соли 2015, дар ҳарими Сурия дар наздикии марзи Туркия аз ҷониби қиркунандаи неруҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои бомбаандози Су-24 Русия сарозер карда шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






