Вохӯрии С. Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Ҳолланд

Июль 19, 2016 09:32

Душанбе, 19.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 июли соли равон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Ҳолланд Ҳенри Ҳуберт Дриссерро  бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз ВКХ кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро оид ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳолланд тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории амиқро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён карданд.
Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба Ҳенри Ҳуберт Дриссер дар пешбурди фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.

Июль 19, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд