Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд

Ноябрь 25, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» Валид Ан-Нисф вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар вохӯрӣ оид ба ҷойгоҳу нақши муассири расонаҳо дар таъмиқи шинохт ва тафоҳуми мутақобил ва низ густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар доир шуд.

Зимни қадрдонӣ аз эҳтимоми рӯзномаи «Ал-Қабас» ба пӯшишу бозтоби робитаҳои ду мамлакат сафир бар аҳаммияти нақши расонаҳо дар муаррифии дастовардҳо ва фурсатҳои ҳамкории  дуҷониба таъкид кард.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Ноябрь 25, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд