Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид

Ноябрь 25, 2026 13:57

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни ҷаласа ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти соҳавии ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи гуманитарӣ дар соли 2025, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи сиёсати ҷавонон, густариши табодули таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳияи санадҳои барномавӣ, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт барои солҳои      2027-2028 равона шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкории кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, инноватсионӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо, инчунин масъалаҳои мубрами фаъолияти минбаъдаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Ноябрь 25, 2026 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Лубнон Сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд