Ҷавонон-неруи созанда ва ворисони оянда

Август 12, 2016 08:08

Душанбе, 12.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил карда мешавад. Соли 1999 Маҷмаи Умуми СММ дар қатъномаи № «A/RES 54/120» тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии вазирони кор бо ҷавононро (Лиссабон, соли 1998) дар бораи таҷлил намудани 12 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷонибдорӣ намуд ва таҷлили ин ҷашн ба ҳукми анъана даромад. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҷавонон чанд нуктаро доир ба сиёсати давлатии ҷавон тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон мегардонем.

 

      «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҳақиқат ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон на фақат неруи демократии ҷомеа ва давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунанд.

Фалсафаи ҳаёт чунин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзўр мегардад.

Бо назардошти ин, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа тақозо мекунад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардид ва ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст.

Сиёсати давлатии ҷавонон ва ташаккулёбии он

Маҳз тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳиму ҳалкунандаи ҷомеа – тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст. Баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омада, новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ин масъалаи муҳим дар маркази диққати роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор гирифт. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки 13 марти соли 1992 тасдиқ гаштааст, далели ин гуфтаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. 9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Бо назардошти неруи созандаву ворисони оянда будани ҷавон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот доир намуда, пас аз он Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонд. Мутобиқи ин Фармон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Бо дарназардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолиятро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ мондааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муҳимияти ҷисману рӯҳан ба воя расидани насли наврасу ҷавонон ва дастгириву рушд кардани онҳо пайваста тадбирҳои муассир андешида, бо ин мақсад як қатор қонунҳо ва барномаҳоро таҳия ва қабул намудааст, ки имрӯз баҳри пешрафти ҷавонон амалӣ гашта истодадаанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардида, маврида амал қарор доранд. Ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти ин соҳаи муҳиму афзалиятнокро танзим ва рушди устувори он мусоидат мекунанд.

Дар баробари ин,  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. Сарвари давлат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар нахустин ҷаласаи ин Шӯро (27.05.2016) изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.

Бояд зикр намуд, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз давраҳои аввали роҳбарӣ ба ин неруи созанда такя намуда,  бо ҷавонон силсилаи вохӯриҳоро доир намуд. Вохӯриҳои  Сарвари давлат ва суҳбату мулоқотҳо дар ҷараёни сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонон дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои зиёдро ба миён оварданд. Дар ин давра соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, ки таҳти дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат қарор доранд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Ҳамчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сафарҳои корӣ, дар дохил ва дар хориҷи кишвар мунтазам бо қишри ҷавони ҷомеа дидору мулоқотҳо анҷом дода, аз ҳаёту фаъолият ва мушкилоти онҳо пурсон ва ба ҳалли онҳо мусоидат мекунад. Бо ибтикори Президенти кишвар ҷиҳати ҷисману рӯҳан солим тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон дар тамоми манотиқи кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ ва иншооти соҳаи варзиш бунёд шуда, ҷавонон ба роҳи росту аз худ намудани донишҳои муосир, техникаву технологияҳои асри нав, фаъолияти бунёдкоронаву созанда ва соҳибӣ намудани давлату миллати хеш ҳидоят карда мешаванд. Ин аст, ки тибқи  маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд.

Ҷавонон ва даврони соҳибистиқлолӣ

Сол ба сол арзиш ва манзалати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос пайдо карда, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар чун санаи муқаддаси таърихӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Истиқлолият заминаи пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар мебошад. Дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 25-соли соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, иқтисод, саноат, илм, маориф ва фарҳанг далели ин гуфтаҳост.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў, пешбурди сиёсати хориҷӣ тадриҷан рушд ёфта, бо вусъат дар сатҳи мӯътадил амалӣ мегарданд. Дар ин давра Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, бахусус тарбияи насли наврас, ба таълим фаро гирифтани ҷавонон, тарғиби ҳаёти солим ва варзиш миёни онҳо, бозомӯзии илмҳои муосир ва фарогирифтани ҷавонон бо технологияҳои навтарин тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мунтазам амалӣ мекунад. Бинобар ин, рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон шудааст.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост. Бахусус, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва олӣ дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ меваи самари Истиқлолият аст, ки давлату миллати тоҷик аз шаҳди он лаззат мебаранд. Дастболо шудани Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Анвар Юнусов ва ғайраҳо дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва парафшон шудани Парчами миллии Тоҷикистон, иштироки 7 нафар варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016-ро метавон намунаи барҷастаи ифтихор аз давлату далатдории ҷавонони тоҷик арзёбӣ кард.

Тазаккур додан бамаврид аст, ки ба хотири боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби ҷавонон ва духтарони лаёқатманди деҳоти дурдаст, таъмини минтақаҳои дурдаст бо кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то 2014 қариб 15 ҳазор нафар духтарону писарон барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар пайваста кӯшиш намуда, аз соли 2008 инҷониб ҳазорҳо нафар ҷавонони мамлакатро тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристодааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъқид менамояд: «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки нерӯи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…»

Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.

Аз ин рў, дар баробари тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, шароити имрўза тақозо мекунад, ки худи мо ҷавонон низ ба зиракиву ҳушёрӣ ва огоҳиву чолокии хеш аҳамияти беш аз пеш диҳем, то ки дар миёни ҷавонони пешрафтаи кишварҳои олам мақому мартабаи хоси аҷдодии худро касб намоем.

Ҷавонон – посдори Ваҳдату Истиқлолият

Раванди иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони кишварамон рисолати муқаддаси худро дар мавриди пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ҳифзи якпорчагиву соҳибистиқлолӣ ва ободиву шукуфон намудани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистонро амиқ дарк менамоянд ва фаъолияти созандаи худро аз ҳамин дидгоҳ тарҳрезӣ мекунанд.

Аз таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯхтану такмил додани донишу малака, азхуд намудани технологияҳои нав, иштирок дар корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳри рушди имрӯзу фардои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, сол ба сол тақвият меёбад.

Дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро зинда доранд. Ҷавонон бояд бо амалӣ намудани татбирҳои созанда дар оянда неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизи худ ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон дар баробари чанд нуктаи самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ «Рӯ овардан ба ҷавонон»-ро низ махсус таъкид дошт. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Ҳанӯз 21 майи соли 2005 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар иброз карда буд: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред».

Нуктаи мазкур аз ҳар ҷавон баҳри пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бовар дорам, ки ҷавонон барои аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт бештар воқиф гашта, бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина, таҳкими Истиқлолияти кишвар талош менамоянд. Пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад.

Ногуфта намонад, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Умедворем, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар омўхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамеша бояд донист, ки нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи ҳар як фарди ҷомеа аст.

Бегназари Абӯбакр

Август 12, 2016 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд