Дар 25 соли истиқлолият зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардида, 190 километр хатти нави роҳи оҳан сохта шуд
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки дар тӯли солҳои истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд ва 190 километр хатти нави роҳи оҳан мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои кишвари мо аҳаммияти стратегӣ дошта, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятнок идома дода мешавад.
Бо ин мақсад, ҳоло дар соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд






