Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: 22 сол дар роҳи наҷот аз офати табиӣ
Душанбе, 17.08.16. /АМИТ Ховар/. Имрӯз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии хешро ҷашн мегиранд.
22 сол қабл, аниқтараш 17 августи соли 1994 Кумитаи мазкур бо қарори Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ таъсис дода шуд. 2-уми июли соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита ба вазорат ва 30-юми ноябри соли 2006 боз ҳам бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Умеда Юсупова- сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур иброз дошт, ҳоло Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар замони осоишта ва ҷанг амалӣ мекунад.
Умеда Юсупова зикр кард, ки айни ҳол дар кумита сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ таъсис дода шуда, аз иҷрои вазифаҳои худ сарбаландона мебароянд. Чунончӣ, Раёсати маркази наҷотдиҳӣ, дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, шаҳраки Ғарм ва шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.
Соли гузашта, сохтори онҳо пурзӯр карда шуд ва ҳар яки онҳо аз се баст иборат мебошанд. Заминаи моддию техникии сохторҳои кумита низ пурзӯр карда шуда, чанде пеш 32 техникаи садамавию наҷотдиҳӣ ва махсус харид карда шуданд.
-Мо мақсад дорем, ки дар водии Зарафшон низ як дастаи зудамали наҷоти Кумитаро таъсис дода, бо таҷҳизоти ҳозиразамони садамавию наҷотбахшӣ онро таъмин намоем. Корҳои ташкилии он аз ҳоло шурӯъ шудаанд,- гуфт сардори маркази матбуоти кумита ва илова намуд, ки дар сохтори Кумита дастаҳои зиддижолаи Сарраёсати таъсирнокии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ барои мубориза бо жолазанӣ ва қисмҳои ҳарбии наҷоти кўҳӣ дар иншооти зеризаминӣ фаъолият менамоянд.
Хисороти расида дар зарфи чанд соли охир бар асари офатҳои табиӣ бузург аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2016 бар асари селу ярч 10 нафар ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд. Соле қабл дар шаш моҳ 28 нафар ҳалок гаштанд. Андозаи зарари моддӣ дар нимсолаи якуми соли равон 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомониро ташкил дод.
Дар Кумита махзани маълумоти ҳолатҳои фавқулода аз соли 1997 инҷониб ташкил шудааст, ки бинобар маълумоти ин махзан дар давоми 22 сол 3326 офати табиӣ ба амал омада, бар асари онҳо 1111 шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.
Умеда Юсупова изҳори нигаронӣ намуд, ки бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар фасли тобистон, ҳангоми оббозӣ бисёр ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта мешаванд. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои кумита эътино ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мебошад. Бинобар ин, мутахассисони кумита ба ин самт диққати махсус медиҳанд. Вобаста ба ин дар байни ҳама табақаҳои аҳолӣ аз тарафи Раёсату дастаҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мунтазам машғулиятҳои омўзишӣ, машқҳо, корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Барои пешгирии ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ, на танҳо ғарқшавӣ, балки ҳама намуд ҳолатҳои фавқулода кумита дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи омўзиши асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ»-ро амалӣ месозад, ки дар синфҳои 2 ва 6 машғулиятҳои омўзишӣ гузаронида мешаванд.
Як бахши муҳим ва муфиди фаъолияти кумита- ин таҳкими иртиботи байналмилалист, чун офатҳои табиӣ ҳолатҳое мебошанд, ки барои пешгирӣ ва ё бартарафсозии оқибатҳои он мушкил аст ниҳоде ё ҳатто кишваре дар танҳоӣ фаъолияти самаровар дошта бошад. Ин аст, ки кумита ба ин бахш, яъне ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар ду ҷаласаи худ, ки 24 декабри соли 2015 ва 3 июни соли 2016 баргузор шуда буд, ба тасвиб расонидани «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд барои солҳои 2017-2030» дар асосаи тавсияҳои Барномаи Сендайро мувофиқи мақсад шуморид. Ва қарор ҳам шуд, ки барои таҳияи барномаи нав Гурўҳи кории байниидоравӣ дар сатҳи коршиносон таъсис дода шавад. Ин гурӯҳ якҷо бо таҳлилгарону коршиносони байналмилалӣ қарор аст аз моҳи сентябри соли равон ба кор оғоз кунад. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки Нақшаи татбиқи барномаи нав барои давраи миёнамуҳлат қабул карда шуда, ҳар се-чор сол он таҷдиди назар карда мешавад.
Ҳамзамон 12 — 14 июли соли 2016 бо мақсади татбиқи тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа диққати махсус ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дода шуд. Натиҷаи кори ҷаласа он мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси вазирони Осиё дар шаҳри Ню-Деҳлии кишвари Ҳинд моҳи ноябри соли ҷорӣ ва дар Анҷумани панҷуми ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Канкуни Мексика моҳи майи соли 2017 Эъломияи Душанберо аз номи минтақа муаррифӣ менамояд.
Ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии офатҳои табиӣ аз сатҳҳо ва шаклҳои гуногун иборат аст, ки дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳо ва вазифаҳои мухталиф ҳалл мешаванд.
Имзои созишномаҳое, ки дорои аҳамияти байналмилалианд, имкон медиҳанд, ки ба низоми ҷаҳонии муқобил бар офатҳои табиӣ ҳамроҳ шавем ва ҳамкории самаранок бо шарикони хориҷӣ дошта бошем, ки ин гуна ҳамкорӣ самараи хуб дода истодаанд.
Дар 22 соли фаъолият Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 18 созишномаи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ имзо кардааст.
Дар охирин мулоқот бо сарвари намояндагии Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ Аҳмад Ал-Байз қарор шуд, ки ин Марказ ба бунёди Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кумаки молӣ хоҳад кард. Маркази омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе сохта мешавад ва ҳадафи он омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, ҳайати шахсии Кумита, ҳамчунин омӯзиши роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ҳукуматҳо ва аҳолӣ дар масоили алоқаманд ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мебошад.