Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Тарбиятгирандагони мактаб- интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор сазовори ҷои аввал гардиданд

Август 12, 2016 12:17

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лагери «Чангоб» -и дараи Алмосии шаҳри Ҳисор аз 9 то 11 августи соли ҷорӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мактаб- интернатҳои низомашон махсус баргузор гардид.
Умеда Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Ҳисор дар маросими ҷамъбасти мусобиқа иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт: «Ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра намемонанд».
Дар ин мусобиқа зиёда аз 50 нафар тарбиятгирандагони мактаб интернатҳои низомашон махсус аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро аз намудҳои шашка, шоҳмот, бадминтон ва футбол нишон доданд.
Дар натиҷа дар ҳайати давставӣ тарбиятгирандагони мактаб-  интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор бар ҳарифонашон ғолиб омада, сазовори ҷои аввал гардиданд.
Ҷойҳои баъдиро тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ишғол намуданд.
Дар ин бора  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шералӣ Ҷалолов, корманди маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.

Август 12, 2016 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад