Офати табиӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хисороти зиёд ба бор овард
Душанбе, 12.08.2016/ АМИТ «Ховар»/. Шоми 11 август бар асари боридани борони шиддатнок дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ сел омада ба деҳаҳои Зосун, Тумин ва Фатмеви ноҳияи Айнӣ, инчунин роҳи мошингарди Айнӣ- Кӯҳистони Мастчоҳ хисороти калон расонд.
Акрам Қосимов, муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бар асари омадани сел дар деҳаҳои Зосун, Тумин ва Фатмеви ноҳияи Айнӣ хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Офати табиӣ асосан ба хонаҳои истиқоматӣ, мактаб, каналу ҷӯйборҳо, заминҳои кишоварзӣ, хусусан майдонҳои кишти сабзавот, картошка, беда ва ҷуворимака, хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ зарари ҷиддӣ расонид.
Акрам Қосимов афзуд, ки дар ноҳияи Айнӣ барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ноҳиявӣ аз ҳисоби идораҳои марбута созмон дода шуда, дар маҳалҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои бартарафсозиро идома медиҳад ва зарари расонидаи селро муайян месозад. Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки бар асари омадани сел дирӯз қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ дар километрҳои 101, 103 ва 106-дар зарфи 1,5 соат баста шуда, баъди тоза кардани ин қитъаи роҳ ҳаракати нақлиёт дар ин масир идома ёфт.