Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан эътимоднома супорид
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Маликшо Неъматов 23 август эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан супорид.
Тавре аз ВКХ ҶТ хабар доданд, зимни суҳбате, ки баъд аз маросими қабули эътимоднома доир гашт, Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан М. Неъматовро ба муносибати оғози рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Чехия табрик намуда, ба ӯ баҳри иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чехия комёбиҳо таманно намуд.
Дар навбати худ М. Неъматов паёму дуруд ва таманнои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Чехия расонида, иброз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар ва мардумони дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






