Ба кормандони БМТ ҳисоби мутамаркази музди меҳнат ва бақайдгирии воситаҳои асосӣ дар Барномаи 1С омӯзонида шуд
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Семинари таълимӣ дар мавзӯи «Ҳисоби мутамаркази музди меҳнат ва бақайдгирии воситаҳои асосӣ дар Барномаи 1С» барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гузаронида шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар мутахассисони Идораи ҳисобдорӣ ва Департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба қоидаҳо ва имкониятҳои истифода, пур кардани маълумот дар низом ва қоидаҳои ҳисобгирии воситаҳои асосӣ (ҳуҷҷатҳои зарурии аввалия, пайдарҳамӣ, ҳисобрасӣ) дарсҳои аёнӣ гузаштанд.
Ҳамзамон ба иштирокдорони семинар оид ба зарурати якҷоясозӣ ва марказонидани низоми 1-С, маош ва идоракунии кормандон, автоматикунонии ҳисоби воситаҳои асосӣ маълумоти иловагӣ пешниҳод гардид.
Қобили зикр аст, ки семинари мазкур идомаи силсилабарномаҳои таълимии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон буда, баҳри таҳкиму тақвият бахшидан ба сатҳи касбият ва малакаи кории мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон равона шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






