Дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ Протокол оид ба ҳамкорӣ дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ба имзо расид

Сентябрь 5, 2016 11:30

Душанбе, 05.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол оид ба ҳамкорӣ дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба имзо расид.
-Ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот ва дигар зуҳуроти номатлуб густариш ёфта, ин ҳамкорӣ бо шарофати дӯстӣ ва муносибати самимонаи сарони ду давлат рӯз аз рӯз тақвият меёбад,-таъкид кард вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо ҳайати Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Департаменти молияи Вазорати тиҷоратии ин кишвар Тсзен Хуачен.
Тсзен Хуачен зимни вохӯрӣ зикр кард, ки мо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати мустаҳкам ва васеъ намудани ҳамкории амалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тамоми имкониятҳоро мақсаднок истифода мебарем.
Зикр гардид, ки ин ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат намуда, дар ин раванд баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми дуҷониба манфиатовар мебошанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тарафайн аз ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сентябрь 5, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад