Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар фарди бонангу номус ва огоҳи миллат вазифадор аст, ки барои ҳимояи давлатдории миллиамон ҳамеша ҳушёру омода бошад»

Сентябрь 26, 2016 12:12

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Фаромӯш набояд кард, ки давлатсозӣ, хусусан, дар шароити имрӯза, кори саҳлу осон ва раванди яксолаву дусола нест, баръакс, бунёди давлати муосиру муқтадир аз ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, самимона дӯст доштани Ватан, заҳмати содиқона ба хотири ободии он ва ҳушёриву зиракии доимиро талаб мекунад»,-чунин иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод.
Дар ин росто Пешвои миллат аз мардуми заҳматкаши ин ноҳия даъват намуданд, ки мунтазам кӯшиш кунанд, ки фарзандон аз таълиму тарбияи замонавӣ бебаҳра намонанд ва онҳоро тарзе тарбия намоянд, ки дар оянда ҳамчун насли сазовори миллат ва давлати тоҷикон ба камол расанд.
Ҳамчунин бо назардошти он, ки вазъи минтақа ва ҷаҳон торафт ҳассосу мураккаб шуда истодааст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди бонангу номус ва огоҳи миллатро вазифадор намуданд, ки барои ҳимояи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва аз таъсири зарарноки ақидаву мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ доштани мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон, ки мо аз онҳо умеди зиёд дорем, ҳамеша ҳушёру омода бошанд.

Сентябрь 26, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад