Илҳом Алиев: «Пешрафту тараққиёт ва муваффақиятҳои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо боиси хушҳолии Озарбойҷон аст»

Сентябрь 29, 2016 15:40

Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳайати Парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Боку ба мо иттилоъ дод, зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров саломи самимона ва беҳтарин орзуҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев расонида, барои саҳми арзанда дар тақвияти муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар заминаи муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, равобити қадимии дӯстӣ ва бародарии миллатҳои мо асос ёфтаанд, изҳори сипос намуд.
«Парлумони Тоҷикистон ба рушд ва равнақи ҳамкории гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти махсус зоҳир мекунад, зеро мардуми моро дӯстӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва расму ойин аз давраҳои қадим пайванд додаанд. Мо алоқамандии ҷониби Озарбойҷонро ҷиҳати таъмиқи алоқаҳои ҳамаҷониба бо Ҷумҳарии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ эҳсос менамоем. Дар ин самт имконоти то кунун истифоданошуда зиёданд. Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории парлумонҳои кишварҳои мо дар ин замина корҳои зиёдро дар самти тақвияти маҷмӯи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ ва мусоидати парлумонӣ барои таҳкими фаъолияти Комиссияи байнипарлумонӣ, махсусан дар бахши мавриди иҷро қарор гирифтани қарордод ва созишномаҳои имзошуда анҷом додаанд»,-изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз ташрифи ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон хушҳолии худро чунин баён кард: «Аз паёми дӯст ва бародарам — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути Шумо ба мо фиристодааст, хушнуд шудам. Ҳар пешрафту тараққиёт ва муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо боиси хушҳолии ҷониби Озарбойҷон аст».
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев афзуд, ки «мо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми арсаҳо баён медорем. Мо, дарҳақиқат, аз сатҳу сифати равобити кишвари худ бо Тоҷикистон қаноатманд нестем ва ҳоло заминаҳои зиёди ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳоямон зиёд ҳастанд, ки то кунун аз ҷониби мо мавриди истифода қарор нагирифтаанд».
Мавсуф иброз дошт, ки доштани таърих, тамаддун, дину мазҳаб ва фарҳанги муштарак ба мо имкон фароҳам меорад робитаҳои худро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, туризм ва ғайра тақвият бахшем ва умед аст, ки ин имконот ба нафъи Боку ва Душанбе истифода хоҳад шуд.
Илҳом Алиев дар хотима гуфт, ки ҷониби Озарбойҷон омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо мебошад.
Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Баҳром Абдуалимов, Ҷамшед Муртазоқулов ва Толибхон Азимзода иштирок намуданд.

Сентябрь 29, 2016 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд