Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати ФР корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Низоми таҳлилии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия 324 ҳазору 589 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории ин давлат муайян кардааст ва ба онҳо дар муддати то 3 сол ворид шудан ба ҳудуди Русия манъ карда шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Инчунин зикр гардид, ки имрўзҳо кормандони Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа тибқи супориши сардори Хадамоти муҳоҷират бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия ҷоннок намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират ва танзими ин раванд тадбирҳои судманд меандешанд.
Ҳамзамон дар Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа тавассути мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани маълумот, яъне рӯйхати беруншудагон ва депортшудагон то 1 августи соли 2016 вуҷуд дорад, ки он 324 ҳазору 589 нафар шаҳрвандони кишварамонро дар бар мегирад.
Кормандони шуъба ба он нафароне, ки ному насабашон дар махзани иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия дар рӯйхати ронда ё депортатсия шудагонанд, кумаки худро мерасонанд.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони шуъба ба ҳар як муроҷиаткунанда маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, маводи иттилоотӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русия супорида мешаванд,- зикр намуд манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






