Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Лахш

Сентябрь 26, 2016 11:22

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Лахш роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳоти ноҳияи Лахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахши ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳия соли равон дар майдони 6 ҳазору 235 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шуд ва деҳқонони соҳибтаҷриба бо истифода аз шароиту иқлими мусоид ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карданд.

Кишоварзони ноҳия ба Пешвои миллат мужда расониданд, ки соли ҷорӣ ҳосили интизорӣ аз кишти картошка ҳудуди 100 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ин ноҳияи баландкӯҳи Тоҷикистон, ки шуғли асосии кишоварзонаш истеҳсоли картошка, чорводорӣ ва боғпарварӣ мебошад, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дар амал татбиқ мегардад. Дастурхони густурдаи пурнозу неъмати имрӯзаи сокинони ноҳияи Лахш далели ҳамин гуфтаҳост.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Аз ҷумла ҳунари гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва қолинбофии дастӣ ривоҷу равнақ ёфт.

Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои сокинони ноҳияи Лахш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар буда, бо ин восита даҳҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми панҷ соли охир бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзонидани он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он чандин коргоҳҳои хурд сохта ба истифода дода шуданд.

Ба гуфти ҳунармандон амалӣ гардидани иқдоми мазкур боис ба он гашт, ки теъдоди зиёди бонувони бешуғл бо азхуд кардани ҳунари қолинбофӣ зиндагии худро беҳтар намоянд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманди ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Сентябрь 26, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди силро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд