Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
ДУШАНБЕ, 26.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Нахуст, Роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ имзо гузоштанд.
Ба Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон то давраи соли 2030 ва Барномаҳои ҳамкории саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов имзо монданд.
Сипас, дар ҳузури Сарони ду давлат санадҳои зерин ба имзо расид:
— Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027;
— Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
— Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028;
— Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва технологияҳои нав барои солҳои 2026-2028;
— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон;
— Харитаи роҳ доир ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2026-2028;
— Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон;
— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди инноватсияи назди Вазорати маълумоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон;
— Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон” аз 10 июни соли 2021;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба татбиқи мутақобилаи низомҳои электронии сертификаткунонии пайдоиши молҳо;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илми тиб;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамоҳангсозии тақсимоти басомадҳои радиоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби хадамоти радиои заминии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон истифода мешаванд;
— Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба истифодаи низоми иттилоотии е — пермит (e-Permit);
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таҳсилоти касбии назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
— Созишнома байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи ҳамкорӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон 24 март дар шаҳри Ҷиззах Форуми дуюми байниминтақавии “Тоҷикистон — Узбекистон” баргузор гардид, ки аз руи натиҷаи он як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид.
Созишномаҳои сармоягузорӣ, шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкории имзошуда соҳаҳои коркарди саноатӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, бахши агросаноатӣ, таъминоти масолеҳи сохтмонӣ, рушди бахши хизматрасонӣ ва татбиқи рақамикунониро фаро мегиранд.
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев нишасти матбуотӣ оростанд.
Сарони ҳарду давлат, аз ҷумла, ба таъмиқи пайвастаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, густариши ҳамкории бисёрҷанбаю робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ва тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баҳои баланд дода, зарурати татбиқи амалии имкониятҳои бузурги мавҷудаи рушдро таъкид намуданд.
Сарони ҳарду давлат бо назардошти мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда ва имконоти мавҷудаи рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла, изҳори бовар намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба 2 миллиард доллари амрикоӣ аллакай то соли 2028 расонда мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






