Октай Асадов хостори тавсеаи равботи парлумонӣ бо Тоҷикистон шудааст

Сентябрь 29, 2016 17:33

Душанбе, 29.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Октай Асадов, раиси Маҷлиси миллии Озарбойҷон зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон набояд танҳо дар доираи фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ маҳдуд гардад. Мавсуф хостори ҳар чӣ бештари тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон гардида, мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров- ҳамтои тоҷикашро дар тақвияти муносиботи байнипарлумонии Боку ва Душанбе муҳим арзёбӣ намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки ҳамкории ду кишвари дӯст Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикии тарафайн густариш меёбад. Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, назири СММ, САҲА ва ИДМ ба роҳ монда шудааст.
Дар мулоқот зикр шуд, ки табодули иттилооти тарафайн оид ба фаъолияти минбаъдаи парлумонҳо метавонад омили муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи парламентаризм гарданд. Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон ба марҳилаи нав ворид карда шуда, дар оянда барои тақвияти ин равобит тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Сентябрь 29, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид