24 октябр-Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд: дастрасии иттилоот- омили муҳими рушд мебошад

Октябрь 24, 2016 12:14

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Технологияҳои иттилоотӣ-робитавӣ бартараф намудани мушкилоти рушдро дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин карда, ба тараққиёти иқтисодӣ суръат бахшида, ба рақобати солим, дастрасии пурра ба  маълумоту донишҳо, аз байн бурдани қашшоқӣ ва расидан ба баробарии иҷтимоӣ мусоидат мекунанд», — омадааст дар  Қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд, ки ҳар сол 24-уми октябр ҷашн гирифта мешавад.

Бори нахуст ин сана 43 сол қабл, соли 1973 мувофиқ ба қарори сессияи 27-уми АГ СММ (аз 19.12.1972 с.) ҷашн гирифта шудааст. Дар қарори сессияи мазкур таъкид шудааст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд бояд бо Рӯзи Созмони Миллали Муттаҳид  24-уми октябр тавъам бошад ва мувофиқ ояд.

Ҳадаф аз таъсис додани Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд ҷалб намудани таваҷҷуҳи афкори ҷомеа ба мушкилоти рушд маънидод шудааст. Паҳн намудани маълумот оид ба рушд омили ҷиддӣ барои дарки мушкилоти рушд дониста шуда, барои тақвияти кӯшишҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамин сана, яъне 24-уми октябри соли 1970 Стратегияи байналмилдалии Рушд барои даҳсолаи дуюми рушд аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид қабул шудааст.

Одатан дар ин рӯз мушкилоти мавҷудаи рушд, таҳияи роҳҳо ва самту усулҳои бартараф намудани ин мушкилот мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Айнан чунин ҷамъомад бо ташаббуси Барномаи Рушди СММ нимаи дуюми имрӯз дар Маркази иттилоотӣ-бунёдии СММ,  воқеъ дар бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки зимни ҷамъомад оид ба масъалаҳои рушд дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва иҷтимоиёт аз ҷониби доираи васеи коршиносону мутахассисон мубодилаи афкор сурат гирад.

 

Октябрь 24, 2016 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад