Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ду кӯчаи марказии Душанбе ба муддати як сол қатъ карда мешавад
Душанбе, 26.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ду кӯчаи марказии Душанбе ба муддати як сол- аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2016 то охири сентябри соли 2017 муввақатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи хокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода (аз майдони 800-солагии Маскав то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М. Турсунзода то кӯчаи Бухоро) ва кӯчаи Амирхусрави Деҳлавӣ (аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А. Адҳамов) ба оғози корҳои сохтмону навсозӣ дар роҳҳои мошингарди кӯчаҳои мазкур иртибот дорад.
Вобаста ба оғози корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар роҳҳои мошингарди кӯчаҳои мазкур, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






