Аз «ИНСАЙТ» то «БАЧАЕ АЗ ГӮРИСТОНИ МО» фосилаи чоррӯза дар миён аст

Октябрь 24, 2016 14:11

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз  23 то 28-уми октябри соли равон дар хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (ИСТ) (Кинотолори «Зебунисо») Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Чорабинии мазкур дирӯз, 23 октябр оғоз гардида, пас аз баргузории нишасти матбуотӣ филми «ҚУТТӢ»  ба намоиш гузошта шуд.
Инчунин дар доираи намоиш имрӯз филмҳои «ИНСАЙТ»  соати 14:00,  «ТЕЛИ  ВА ТОЛИ»  соати 16:00,  25 октябр  «NO COMMENT» соати 14:00, «ОТАШАКҲОИ ДЕҲАИ КАЛОН» 25 октябр соати 16:00, 26 октябр «ТАБИБ» соати 12:00, 27 октябр «БОЗЁФТ» соати 14:00 пешниҳод мешаванд.
Маросими пӯшидашавии рӯзҳо бо намоиши филми «БАЧАЕ АЗ ГӮРИСТОНИ МО»  28 октябр соати 14:00 дар назар аст.
25 октябр соати 12:00 дар мавзӯи «Кинемографияҳои миллӣ-дирӯз, имрӯз ва фардо» бо иштироки синамогарону мутахассисони тоҷик ва меҳмонони Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар хонаи кинои «Зебунисо» баргузор мегарданд.

Октябрь 24, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад