Аз «ИНСАЙТ» то «БАЧАЕ АЗ ГӮРИСТОНИ МО» фосилаи чоррӯза дар миён аст
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 28-уми октябри соли равон дар хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (ИСТ) (Кинотолори «Зебунисо») Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Чорабинии мазкур дирӯз, 23 октябр оғоз гардида, пас аз баргузории нишасти матбуотӣ филми «ҚУТТӢ» ба намоиш гузошта шуд.
Инчунин дар доираи намоиш имрӯз филмҳои «ИНСАЙТ» соати 14:00, «ТЕЛИ ВА ТОЛИ» соати 16:00, 25 октябр «NO COMMENT» соати 14:00, «ОТАШАКҲОИ ДЕҲАИ КАЛОН» 25 октябр соати 16:00, 26 октябр «ТАБИБ» соати 12:00, 27 октябр «БОЗЁФТ» соати 14:00 пешниҳод мешаванд.
Маросими пӯшидашавии рӯзҳо бо намоиши филми «БАЧАЕ АЗ ГӮРИСТОНИ МО» 28 октябр соати 14:00 дар назар аст.
25 октябр соати 12:00 дар мавзӯи «Кинемографияҳои миллӣ-дирӯз, имрӯз ва фардо» бо иштироки синамогарону мутахассисони тоҷик ва меҳмонони Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Русия дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар хонаи кинои «Зебунисо» баргузор мегарданд.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






