Барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити амалӣ муҳайёст

Октябрь 19, 2016 11:42

nuriddin-saidДушанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Литсейи Раҳнамо» суҳбати таҳлилии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Ҷамъомад дар доираи «Ҳафтаи соҳибкорон» баргузор гашта, мақсади асосии он таҳлили дастовардҳои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби идеяи дастгирии соҳаи маориф аз тарафи доираҳои иқтисодӣ ва соҳибкории ватанӣ мебошад.
Дар суҳбат намояндагони Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони ҳамкор бо соҳаи маориф, мутахассисони соҳа, муассисон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи хусусӣ масъалаҳои ин соҳаро ба таври васеъ баррасӣ намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дастовардҳои кишварро дар ин самт таҳлил намуда, аз ҷумла изҳор намуд, ки «таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба таъсири боғчаю мактаб ва дармонгоҳу бемористонҳо нишондиҳандаи фарорасии марҳилаи нави соҳибкории ватанӣ, яъне марҳилаи гуманизатсияи моликияти хусусӣ мебошад. Бо дастгирӣ ва супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз барои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ муҳайё шуда, рушди соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад».
Роҳбари котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нўъмонҷон Абдуғаффорзода хусусиятҳо ва дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи маорифро барои соҳибкорон шарҳ дода, чунин гуфт: «Бо ташаббуси Пешвои миллат дар солҳои охир барои дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи маориф як қатор имтиёзҳо ҷорӣ шудаанд, ки тарзи имтиёзноки додани қитъаҳои замин барои сохтани боғчаю мактабҳо, имтиёзҳои ҷиддии андозӣ барои соҳибкорӣ дар ин соҳа, аз ҳисоби давлат муҷаҳҳаз шудани мактабҳое, ки соҳибкорон сохтаанд ва ғайра намунаҳои мушаххаси он мебошанд».
Сардори Раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми ҶТ И. Донахонов рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи таълимии хусусиро дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳлил намуда, зикр кард, ки нақши бахши хусусӣ дар рушди ин соҳа рўз аз рўз афзоиш меёбад.
Зимни суҳбат таҷрибаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон дар мисоли боғчаи бачагонаи «Ахтарон» ва рушди муассисаҳои миёнаи таълимӣ дар даврони истиқлолият дар мисоли «Литсейи Раҳнамо» муаррифӣ шуданд.
Инчунин дар саҳни мактаб намоишгоҳҳои идонаи «Домани пурбор дорад тирамоҳ», «Дастовардҳои литсей», «Намунаи либосҳои мактабӣ», «Ҳунарҳои дастии хонандагон» ба тамошо гузошта шуданд.
Ҳозирон ҳамчунин ба таҷрибаи татбиқи низоми байналхалқии баҳогузории садхола дар литсей, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст, аз наздик шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар доираи супоришҳои Пешвои миллат ҷашни бостонии Меҳргон дар тамоми идораю муассисаҳои зертобеи вазорат бо мазмуни баланди ватандўстӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҷамъомад ба соҳибкорони саҳмгузор дар рушди соҳа ва муассисаҳои таълимии хусусии пешқадам ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

img_1118 img_1120

Октябрь 19, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд