Бобоҷон Ғафуров: «Дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтани тоҷикон ҳукми таърих аст» — шарҳи матбуот
 
			
					
										Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (11.10.2016, №202) оид ба ҷой гирифтани кӯҳҳои Помир дар феҳристи «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо директори Департаменти хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Люк Девин, ҷаласаи ҷамъбастии РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар воқеоти сиёсии кишварҳои хориҷӣ зери рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хабарҳо нашр карда, мусоҳибаи хабарнигори нашрияро бо муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов таҳти сарлавҳаи «Муҳаррики иқтисодиёт» пешкаши хонандагон намудааст.
Дар шумораи мазкури «Ҷумҳурият» мақолаи Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Таассуф, ё нигаронӣ аз амали Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» ба нашр расидааст. Муаллифи мақола навиштааст: «Оё террористоне, ки талоши гирифтани қудрати сиёсӣ ва кӯшиши кудаторо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанд, бо гулҳо ва шиорҳои мусолиматомез худро дар саҳна ҷилва медоданд? Маҳз ҳамин ҳидоятгарон ва ташкилкунандагони ошӯб буданд, ки мехостанд баъди 24 соли Истиқлолияти давлатии кишвар дубора онро ба хоку хун бикашанд. Аммо фаромӯш кардаанд, имрӯз мардуми бошарафи дар рӯзҳои сахти мамлакат обутобёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар шудаанд. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо дарси хуби ҳушёрӣ ва бедории сиёсиро омӯхтааст, ки дигар фирефтаи бозиҳои хурду бузург нашаванд».
«Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтем» — бо ҳамин суханони Қаҳрамони халқи Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (12.10.2016,№203) аз чоп баромадааст. Дар идомаи мавзӯи мазкур мақолаи Бузургмеҳри Баҳодур бо сарлавҳаи «Тоҷик – миллати муаззам» нашр шудааст, ки аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳад шуд. Мақолаи таҳлилии «Террор – таҳдид ба тамаддуни башарӣ» аз фаъолияти даҳшатбори гурӯҳу ҳаракатҳои муайяни манфиатдор, ки дар тӯли таърихи инсоният (аз давраҳои қадим то замони муосир) барои расидан ба ғаразҳои нопоки гурӯҳии худ садҳо куштору қатли ҳазорон одамони бегуноҳро роҳандозӣ кардаанд, нақл мекунад.
«Садои мардум» — нашрияи парлумонӣ дар шумораи навбатӣ (11.10.2016,№128) оид ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 октябри соли равон таҳти раёсати Ш.Зуҳуров баргузор шуда буд, хабари муфассал пешкаши хонандагон намудааст.
Дар ҳамин шумораи нашрияи «Садои мардум» мактуби сокини деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ С.Партапов чоп шудааст, ки муаллифи он ба мақомоти дахлдори ноҳияи Рӯдакӣ бо саволи «Чаро ба ман ҳуқуқи шаҳрвандӣ намедиҳанд?» муроҷиат кардааст.
Вобаста ба Рӯзи умумиҷаҳонии почта, ки ҳар сол 9-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо директори генералии КВД «Почтаи тоҷик» Саидалӣ Мирзоев чоп шудааст. Мувофиқи иттилои С.Мирзоев «Ҳар ҳафта кормандони «Почтаи тоҷик» 177 449 адад рӯзномаю маҷаллаҳоро ба суроғаҳои муайяншуда мерасонанд. Дар нуҳ моҳи соли равон ин рақам 11 миллиону 596 ҳазору 908 нусхаро ташкил дод».
Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омӯзгор» мақолаҳои «Эссе чист ва он чӣ тавр навишта мешавад?», «Омӯзгори ҷавонро дастгирӣ мебояд», «Викторина ва тарзи гузаронидани он», «Ифодагари шарафмандии миллат» ва дигар хабару гузоришҳоро аз фаъолияти соҳаи маорифи мамлакат пешкаши хонандагон кардааст.
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» аз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеъ бо сарлавҳаи «Сафаре, ки паёмадаш ободист» натиҷагирӣ карда, мақолаи хулосавӣ нашр кардааст. Мақолаи «Насли ситамгару бераҳмро тарбия накунем» дар мавзӯи муҳими рӯз, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас навишта шудааст. Мақолаҳои «Хиёнат ба Ватан – хиёнат ба модар аст» ва «Бузургон» оё ҳақиқатан сокитанд?» аз фаъолияти тахрибкоронаи душманони миллат, ки бо супориши хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд бар зидди арзиши олии миллӣ – соҳибистиқлолии Ватан баромад кунанд, нақл мекунад. Муаллифи мақола Мизроби Музаффар навиштааст: «Агар сокитҳо ҳақиқатан гуноҳи худро дарк карданд, чаро аз пайроҳаи хиёнат худро канор кашидаву ба Ватан барнамегарданд. Ҷое, ки касе ба онҳо кор нахоҳад гирифт. Вале агар мемонанд, бигузор бидонанд, ки ҳамдиёрони асолатбохта ва мазҳабфурӯше, чун Истаравшанӣ ва хоҷагони ӯ онҳоро боз ҷониби чоҳе мебаранд, ки аллакай ду бор бурда бурданд».
Мақолаҳои «Қиссаи артиши гумшуда» ва «Роҳ ба сӯи Қарамиқ», ки дар шумораи мазкури «Минбари халқ» чоп шудаанд, ҷолиб буда, аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.









 
						
 БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба  Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба  Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо Дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
Дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад 31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО.  Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО.  Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст? РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд? ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон  табдил меёбад
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон  табдил меёбад 26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд 
									 
									 
									 
									 
									





