Боздиди намояндагони Туркия аз Маркази ташхисӣ-табобатии ДДТТ
Душанбе, 7.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз намояндагони Агентии рушд ва ҳамкории Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон аз Маркази ташхисӣ-табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли равон бо маблағҳои ташкилоти номбурда аз таъмири пурра бароварда шуд, дидан намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ба роҳбари намояндагии ин созмони бонуфуз барои саҳми беандоза дар таъмиру тармими бинои Маркази ташхисӣ-табобатии донишгоҳ изҳори минатдорӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози Агентии рушд ва ҳамкории Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Мустафо Бутун гуфт: «Ин аввалин лоиҳаи кории мо дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд ва мо ифтихор дорем, ки бо ин иқдоми хоксоронаи худ андаке ҳам бошад, дар барқарорсозии саломатии маризон саҳми худро мегузорем. Мо ният дорем, ки бо ба даст омадани имкониятҳои мусоид ҳамкориро бо ин муассисаи бонуфузи илмии тоҷикон оид ба таҷҳизонидани Маркази ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ идома диҳем».
Ёдовар мешавем, ки Маркази ташхисӣ-табобатӣ ягона зерсохтори клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, солҳои охир имкониятҳои ташхису табобат дар он хеле беҳтар гаштааст. Дар марказ ҳам амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ва ҳам навъҳои гуногуни табобати беморон муваффақона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон дар заминаи он ду кафедраи донишгоҳ ҷой дода шудаанд.
Агентии рушд ва ҳамкории Ҷумҳурии Туркия аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, дар 52 давлат намояндагиҳои худро дорад ва дар 140 давлати дунё ба воситаи намояндагиҳояш ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Дар ин бора аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






