Дӯстдорони китоб дар Хатлон метавонанд китобҳоро аз тариқи электронӣ мутолиа ва нусхаафзоӣ намоянд

Октябрь 25, 2016 16:54

Қурғонтеппа, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дар китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин раванди электронӣ намудани китобҳои нусхаҳои ҳатмӣ ва ягона муваффақона ҷараён дошта, то ҳол панҷ ҳазор нусха китобҳоро барои ташкили китобхонаи электронӣ чоп ва нусхабардорӣ намудаанд. Шакли  электронии  адабиёт дар шуъбаи автоматикунонӣ ва технологияи компютерӣ дар панҷ адад компютер ҷойгир карда шудааст. Истифодабарандагон имконият доранд, ки китобҳои электрониро бе истифодаи шабакаи Интернет   аз тариқи электронӣ мутолиа ва нусхаафзоӣ намоянд.

Адабиёт  дар шакли электронӣ   асосан  соҳаҳои талаботашон зиёд- таърих, ҳуқуқ, иқтисодиёт, сиёсат, забонҳои русӣ ва англисиро фаро мегирад.

Октябрь 25, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад