Фалак ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ муаррифгари суннатҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик аст

Октябрь 7, 2016 14:07

Душанбе, 07.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» нишасти фарҳангӣ бахшида ба Рўзи фалак дар мавзўи «Фалак ва рушди он дар замони истиқлол» баргузор гардид. Дар он беш аз 60 нафар ҳунармандону мутахассисон аз Муассисаи давлатии «Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон», Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи А. Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода зикр намуд, ки: «Фалак ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ муаррифгари суннатҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик буда, дар замони истиқлолият тавонист шуҳрати хосаеро ба даст орад».
2Саъдулло Каримов, декани факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов роҷеъ ба таърих, пайдоишу мавқеи фалак, мазмун, муҳтаво ва навъҳои жанри он, тарзи истифодаи асбобҳои мусиқӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ибрози ақида намуд.
Мутахассисону донишмандон оид ба ҷанбаҳои гуногуни фалак мубоҳиса намуданд ва маҳфил бо фалаксароӣ ба анҷом расид.
Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайгиронаи ҳукумати кишвар барои эҳёи суннатҳои миллӣ қабули як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои тақвият ва густариши фарҳанги миллӣ дар тўли асрҳо баҳри имрўзу фардо заминаҳои мусоид фароҳам овард.

falak-0Дар ин замина бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8-уми августи соли 2007, бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр ҳамчун Рўзи Фалак эълон гардида, он ҳамасола дар тамоми кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамзамон дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли «Фалак» таъсис гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 7, 2016 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!