Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар маҳаллаи навбунёди Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи навбунёди Умари Хайём ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар саҳни ҳавлии ин боргоҳи маърифат, ки бо тарзу услуби муосири меъморӣ бунёд гардидааст, сарвари давлатро устодон ва хонандагони сершумор бо самимияти хосса ва муҳаббати беандоза нисбати роҳбари маорифпарвару ғамхор истиқбол гирифтанд.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳабиб О» бо сифати баланд иҷро кардааст. Маблағи лоиҳавии иншоот 13 миллион сомониро ташкил медиҳад ва пурра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Майдони умумии ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ наздики 3 гектарро ташкил медиҳад.
Мактаб аз се ошёна ва 28 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 624 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамшуда дар ин муассисаи таълимӣ бевосита шинос гардиданд. Роҳбарият ва масъулини ин боргоҳи адаб ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин ҷо барои хонандагон шароити муосири дарсомӯзӣ, бо истифода аз асбобу айёниятҳои зарурии таълимӣ фароҳам карда шудааст. Аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо 30 адад компютер муҷаҳҳаз буда, бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд. Ҳамзамон панҷ адад тахтаи электронӣ ҳам харидорӣ ва мавриди корбарии хонандагон қарор гирифтааст.
Дар ошёнаи якум китобхона бо фарогирии номгӯйи зиёди адабиёти бадеию дарсӣ, ошхона барои то 50 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва толори хуштарҳи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун, ки имкони ғунҷоиши беш аз 200 нафарро дорад, ташкил гардидааст.
Ҳамзамон ба хотири касбомӯзии хонандагон дар ин муассисаи таълимӣ ду синфхонаи касбомӯзӣ ҳам ташкил карда шудааст, ки дар онҳо ба хонандагон ҳунарҳои дӯзандагию пазандагӣ ва дуредгарию дигар ҳунарҳои зарурӣ омӯзонида мешаванд.
Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои футболу волейбол ҳам бо дарназардошти талабот бунёд гардидааст.
Мактаб бо хати доимии барқ ва системаи огоҳсозӣ аз хатар пайваст мебошад.
Чуноне иттилоъ дода шуд, то бунёди ин муассисаи таълимӣ хонандагони ин маҳалларо лозим меомад, ки масофаи аз ду то чор километр роҳро тай намуда, барои дарсомӯзӣ ба мактаби деҳаи ҳамсоя раванд. Ба гуфтаи хонандагон ин ҳолат бахусус дар фасли сармо мушкилиҳои зиёдро ба бор меовард ва ҳам боиси норасоии ҷойҳои нишаст мегардид.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимии мазкур ин мушкили хонанагон роҳи ҳали худро пайдо намуд.
Сарвари давлат аз сифати корҳои сохтмонӣ дар мактаби нав изҳори қаноатмандӣ намуда, устодонро ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас ва хонандагонро бошад ба кӯшишу талошҳои ҳарчи бештар дар роҳи донишандӯзӣ даъват намуданд.
































Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






