Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37 дар маҳаллаи навбунёди Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб

Октябрь 4, 2016 14:27

Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи навбунёди Умари Хайём ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни ҳавлии ин боргоҳи маърифат, ки бо тарзу услуби муосири меъморӣ бунёд гардидааст, сарвари давлатро устодон ва хонандагони сершумор бо самимияти хосса ва муҳаббати беандоза нисбати роҳбари маорифпарвару ғамхор истиқбол гирифтанд.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ҳабиб О» бо сифати баланд иҷро кардааст. Маблағи лоиҳавии иншоот 13 миллион сомониро ташкил медиҳад ва пурра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Майдони умумии ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ наздики 3 гектарро ташкил медиҳад.

Мактаб аз се ошёна ва 28 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 624 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамшуда дар ин муассисаи таълимӣ бевосита шинос гардиданд. Роҳбарият ва масъулини ин боргоҳи адаб ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин ҷо барои хонандагон шароити муосири дарсомӯзӣ, бо истифода аз асбобу айёниятҳои зарурии таълимӣ фароҳам карда шудааст. Аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо 30 адад компютер муҷаҳҳаз буда, бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд. Ҳамзамон панҷ адад тахтаи электронӣ ҳам харидорӣ ва мавриди корбарии хонандагон қарор гирифтааст.

Дар ошёнаи якум китобхона бо фарогирии номгӯйи зиёди адабиёти бадеию дарсӣ, ошхона барои то 50 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва толори хуштарҳи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун, ки имкони ғунҷоиши беш аз 200 нафарро дорад, ташкил гардидааст.

Ҳамзамон ба хотири касбомӯзии хонандагон дар ин муассисаи таълимӣ ду синфхонаи касбомӯзӣ ҳам ташкил карда шудааст, ки дар онҳо ба хонандагон ҳунарҳои дӯзандагию пазандагӣ ва дуредгарию дигар ҳунарҳои зарурӣ омӯзонида мешаванд.

Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои футболу волейбол ҳам бо дарназардошти талабот бунёд гардидааст.

Мактаб бо хати доимии барқ ва системаи огоҳсозӣ аз хатар пайваст мебошад.

Чуноне иттилоъ дода шуд, то бунёди ин муассисаи таълимӣ хонандагони ин маҳалларо лозим меомад, ки масофаи аз ду то чор километр роҳро тай намуда, барои дарсомӯзӣ ба мактаби деҳаи ҳамсоя раванд. Ба гуфтаи хонандагон ин ҳолат бахусус дар фасли сармо мушкилиҳои зиёдро ба бор меовард ва ҳам боиси норасоии ҷойҳои нишаст мегардид.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимии мазкур ин мушкили хонанагон роҳи ҳали худро пайдо намуд.

Сарвари давлат аз сифати корҳои сохтмонӣ дар мактаби нав изҳори қаноатмандӣ намуда, устодонро ба беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас ва хонандагонро бошад ба кӯшишу талошҳои ҳарчи бештар дар роҳи донишандӯзӣ даъват намуданд.

Октябрь 4, 2016 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд