Изҳороти Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2016 12:58

Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қазияи 19-уми сентябр, ки зимни пешниҳоди Ҳисоботи солонаи кишварҳои узви САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор шуд, сахт нигарон аст.

Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 85 созмони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд, бар он аст, ки ин гуна нишастҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо басо муҳим набояд ба майдони хушунат ва таҳаммулнопазирии ҷонибҳои дигар, хоса ҳизбу созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ табдил гардида, боиси сардии муносибот шаванд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони экстремистӣ-террористӣ ва «Гурўҳи 24»-ро созмони эктремистӣ эътироф ва фаъолияти онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўъ эълон кардааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2002 зери санади «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олӣ ва роҳбарони ҳизбу созмонҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба хотири хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷилавгирӣ аз харобии бештари ватан ба тавсиб расида буд, имзо намуда, узви Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон гардид.

Нукоти ин «Аҳднома» тарафҳои имзокунандаро вазифадор мекард, ки дар ҳалли масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, ноил шудан ба ризоияти миллӣ ширкати фаъол намуда, дар мубориза бар зидди бунёдгароии миллӣ ва мазҳабӣ ва дигар анвои зўроварию фишор ҳаммаром бошанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тўли узвияти худ, ки то соли 2010 идома дошт, ба Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили муҳими ҷомеа барномаи мушаххасе пешниҳод накардааст.

Намояндагони ин ҳизб чун диданд, ки минбари Шўрои ҷамъиятиро натавонистанд ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода кунанд ва низ ҳамназароне аз шумори аъзои Шўрои ҷамъиятӣ пайдо накарданд, соли 2010 узвияти худро дар ин созмон қатъ намуданд.

Имрўз дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ пойдор аст. Мардуми кишвар аз сиёсати Ҳукумат ва Давлати Тоҷикистон пуштибонӣ  карда, Ваҳдати миллӣ ва Ризоияти ҷомеаро волотарин арзиши худ медонанд.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун шарики Ҳукумати Тоҷикистон ва Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раванди ислоҳоти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамуд, набояд имкон диҳад, ки бо истифода аз озодиҳои шаҳрвандӣ ба сулҳу субот ва зиндагии осоишта дар Тоҷикистон халал ворид шавад.

Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо пеш аз ҳама ба манзури истифода аз таҷриба ва фаъолияти ин созмон дар раванди демократикунонии ҷомеа, таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавию байналмилалӣ, эҷоди унсурҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба созишномаи бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидаи хеш ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа ҳамеша содиқ монда, дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва ҳама гуна зўроварӣ баъзан аз  стандартҳои дугона истифода мекунад, ки ин боиси таассуф аст

Мо мушкилоти кишвару ҷомеаи худро  хуб медонем, барои ислоҳи вазъ пайваста кўшиш менамоем. Созмонҳои узви Шўрои ҷамъиятӣ  мунтазам барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон талош варзида, ҳар ҳодисаи нақзи ҳуқуқро пайгирӣ мекунанд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  САҲА ва созмонҳои ҳуқуқи инсон  даъват ба амал меорад, ки ҳамкориҳоро бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тақвият диҳанд, аз имконоти Шўрои ҷамъиятӣ истифода баранд, то чунин вазъият  дар оянда рух надиҳад.

Давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ҳамешагӣ роҳи сулҳу суботро, ки омили асосии тараққӣ ва пешрафти кишвар аст, интихоб кардаанд ва ҳеҷ неруе наметавонад аз ин роҳи саодат миллат ва давлатро берун созад.

Аъзои Шўрои  ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Муовини якуми Раиси Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон   Фаттоҳзода С.С.
  2. Раиси Ҳизби Қомунистии Тоҷикистон                                                Талбаков И.И.
  3. Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон                                             Ғаффоров А.
  4. Раиси Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон                                    Бобоев О.Б.
  5. Раиси Ҳизби Аграрии Тоҷикистон                                                       Латифзода Р.Б.
  6. Раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон                                               Усмонзода С.У,

ҷамъ 60 имзо.

ш. Душанбе

07-уми октябри соли 2016

 

Октябрь 7, 2016 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад