Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ ва дидорбинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мафкурасоз дар таблиғи арзишҳои соҳибистиқлолӣ саҳми намоён гузошта, баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсис дар таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкиниро рисолати ҳамешагии худ меҳисобад.
Изҳор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меъмори давлати миллӣ ва ҳимояи истиқлоли он, мавҷудият ва ҳифзи Тоҷикистон мавқеи бузург дошта, бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонистанд дар муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тӯлонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳанд.
Инчунин дар кори ҳамоиш таъкид гардид, ки ҷавонони саодатманди Ватан бо дарки масъулият ва ифтихороти бузург хешро пайрави асили Пешвои миллат меҳисобанд.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо ҷавонони саодатманди диёр дар татбиқ ва таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ нақши муаасир дошта, дар ободонию созандӣ ва баланд бардоштани обру ва нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ бо дастовардҳои баланди касбӣ муаррифӣ менамоянд.
Сипас як зумра афсарон ва ҷавонони фаъол, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳм гузоштан бо Сипоснома, туҳфаҳои молию варзишӣ ва маводҳои санитарию гигиении Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






