Конфронси илмию амалӣ ба «Масъалаҳои баҳсноки забони ВАО» бахшида мешавад
Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои баҳсноки забони воситаҳои ахбори омма» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» баргузоркунандагони конфронс хабар доданд, дар он маърӯзачиён беш аз 20 мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Маърӯзаҳо ба мавзӯъҳои «Доир ба таҳаввулоти грамматикӣ дар воситаҳои ахбори омма», «Баъзе нуқсони маводи тарҷумавӣ дар забони матбуот», «Рушди барномаҳои фарҳангиву фароғатии радиои «Тоҷикистон» дар даврони истиқлол», «Баррасии забони ВАО-и иттиҳодиявии Тоҷикистон дар замони истиқлолият», «Масъалаи содагии забони тоҷикӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ва «Ғалатҳои имлоӣ ва забонӣ дар барномаҳои телевизион» бахшида шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






