Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба манзил ва рушди устувори шаҳрҳо (Habitat 3) иштирок намуд
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябри 2016 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи пленарии Конфронси СММ оид ба манзил ва рушди устувори шаҳрҳо (Habitat 3), ки рӯзҳои 17-20 октябри 2016 дар шаҳри Китои Эквадор баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи доимӣ зикр кард, ки Habitat III платформаи саривақтиро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) таъмин намуда, имкониятро барои муҳокимаи нақшаҳои оянда оид ба бархӯрди дастаҷамъона ба тамоюлҳои кунунии таъсиркунанда ба шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дигар минтақаҳои шаҳрӣ фароҳам хоҳад овард.
Дар ин робита, Намояндаи доимӣ аз мушкилоте, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯ мебошад, аз ҷумла офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим, мушкилоти демографии маҳаллаҳо ва норасоии неруи барқ дар фасли зимистон ёдовар шуд. М. Маҳмадаминов таъкид кард, ки Тоҷикистон ба наздикӣ «Стратегияи миллии рушд то соли 2030»-ро қабул намуд, ки роҳҳои ҳалли тамоми мушкилоти зикршударо дар бар мегирад.
Намояндаи доимӣ иштирокдоронро бо ташаббуси нави Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки соли равон дар Маҷмаи Умумии СММ пешбарӣ мегардад, шинос намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки ин иқдоми муҳим ба ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҲРУ-и вобаста ба об кумак хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






