Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон шомил шуд!

Октябрь 7, 2016 16:38

Душанбе, 07.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Феҳристи навбатии 500 мусулмони бонуфузтарин (The Muslim 500-2017) 6 октябр аз ҷониби Маркази исломии тадқиқоти стратегии Шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази тафоҳуми мусулмонӣ — насронӣ дар Ҷорҷтаун ба табъ расид. Феҳрист шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола нашр карда мешавад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм ба ин феҳристи маъруфтарин шомил гардид.
Ҳамчунин бори дуюм ба ин феҳрист роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ворид шуд. Дилшод Назаров низ ҳамчун мусулмоне, ки соли 2016 дар Бразилия медали тилло ба даст овардааст, ба он шомил гардид.
Соли равон дар сархати феҳрист яке аз ходимони суннимазҳаби Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Тайиб қарор дошта, пас аз он Шоҳи Урдун Абдуллоҳ II бин Ал-Ҳусейн ҷой гирифтааст.
rejting-500Ба феҳрист Шоҳи Марокаш Муҳаммад IV, президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон ва роҳбари олии Эрон (аз соли 1989 то имрӯз) Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ низ дохил шудаанд.
Ба Топ-500 чун солҳои қаблӣ ҳамчунин роҳбари динии исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ (Оғохони IV), ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ зиндагӣ мекунанд, шомил гардид.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Чеченистон Рамзан Қодиров ва ҳамчунин муфтии Ӯзбекистон Усмон Олимов ба ин феҳрист дохил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи сайёра соли 2012 ворид шуда буд. Соли 2015 дар якҷоягӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳрист ҳамчунин муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода шомил гардид.

Октябрь 7, 2016 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид