Ш. Бобозода: корхонаҳои саноатии мамлакат ба мутахассисони баландихтисос эҳтиёҷ доранд

Октябрь 25, 2016 12:12

Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода тамоми масъулини Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро  вазифадор намуд, ки бо вазорат ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориро вусъат дода, ба ин васила раванди тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро таҳким бахшанд.
Дар ин бора аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълим ва шароити донишкада бо ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада вохӯрд.
Ректори  донишкада, профессор Диловар Қодирзода зикр намуд, ки чунин вохӯрӣ ба манфиат ва пешбурди корҳо дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисос хоҳад буд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода оид ба вазъи имрӯзаи фаъолияти корхонаҳои саноатии мамлакат ва эҳтиёҷи онҳо ба мутахассисони баландихтисос изҳори андеша намуд. Шавкат Бобозода  зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти соҳаи саноати мамлакат аз сатҳу сифати дониш ва малакаи мутахассисони ҷавон вобастагии ногусастанӣ дорад. «Бинобар ин зарур аст, ки ҳамбастагии миёни таҳсилот, илм ва истеҳсолот таъмин карда шавад, то мутахассиси оянда имрӯз аллакай аз раванди истеҳсолот дар корхонаҳо бохабар бошад ва ҳангоми ба кор шурӯъ кардан бо мушкилиҳо мувоҷеҳ нагардад»,-афзуд Ш. Бобозода.

Октябрь 25, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд