Ш. Бобозода: корхонаҳои саноатии мамлакат ба мутахассисони баландихтисос эҳтиёҷ доранд
Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода тамоми масъулини Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро вазифадор намуд, ки бо вазорат ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориро вусъат дода, ба ин васила раванди тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро таҳким бахшанд.
Дар ин бора аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълим ва шароити донишкада бо ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада вохӯрд.
Ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода зикр намуд, ки чунин вохӯрӣ ба манфиат ва пешбурди корҳо дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисос хоҳад буд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода оид ба вазъи имрӯзаи фаъолияти корхонаҳои саноатии мамлакат ва эҳтиёҷи онҳо ба мутахассисони баландихтисос изҳори андеша намуд. Шавкат Бобозода зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти соҳаи саноати мамлакат аз сатҳу сифати дониш ва малакаи мутахассисони ҷавон вобастагии ногусастанӣ дорад. «Бинобар ин зарур аст, ки ҳамбастагии миёни таҳсилот, илм ва истеҳсолот таъмин карда шавад, то мутахассиси оянда имрӯз аллакай аз раванди истеҳсолот дар корхонаҳо бохабар бошад ва ҳангоми ба кор шурӯъ кардан бо мушкилиҳо мувоҷеҳ нагардад»,-афзуд Ш. Бобозода.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






