ВКД : «Бар асари сӯхтор дар бинои «Пойтахт-80» ягон нафар зарари ҷисмонӣ набардоштааст»

Октябрь 7, 2016 16:19

Душанбе, 07.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои истиқоматиии «Пойтахт-80» 6 октябр сӯхтор ба амал омада, ба чанд хона зарар расонид. Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дирӯз баъди зуҳр, соати 14:14, дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Насиба Абдуллоеваи 27-сола, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-55, ошёнаи 4-уми бинои 12-ошёна сӯхтор ба амал омада, ки дар натиҷа тамоми таҷҳизоти хона сӯхта нобуд шудааст. Алангаи оташ ҳамчунин ба дигар хонаҳо паҳн шуда, қисман зарар расонидааст.
Ба иттилои манбаъ, дарҳол ба ҷойи ҳодиса як мошини нардбондор ва ду мошини оташнишонии Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ расида омада, соати 14:45 оташро бе паҳншавӣ ба дигар ашёву иншоот хомӯш намуданд.
Бар асари сӯхтор ягон нафар зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Масъулин сабаби сӯхторро аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ медонанд.
Бояд зикр кард, ки барои эмин нигоҳ доштани моликияти шаҳрвандон аз сӯхтор, кормандони мақомот ҳамарӯза дар нуқтаҳои савдо, бозорҳо, корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, тавассути барнома ва видеороликҳо дар телевизон мунтазам аҳолиро аз оқибати харобиовари сӯхтор воқиф менамоянд.
Новобаста аз ин, дар 6 моҳи соли равон 607 (2015 -547) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 6 нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳат бардоштанд. Маблағи зарар зиёда аз 3 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Октябрь 7, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард