Зиёрати оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба як макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонон мубаддал гардидааст.
Пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гуруҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард.
Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии одамон, эҳсону муруват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромиш, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати Ҳамадонӣ дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд. Ҳамин аст, ки ин шахсияти шинохта на як бору ду бор, балки ҳамеша аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати башардӯстонаи хеш соли 2015 ба муносибати 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Симпозиуми байналмилалии илмии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқро баргузор карданд. Дар баромадҳои хеш олимони кишварҳои хориҷ пеш аз ҳама барои хислатҳои нодиру наҷиб, ташаббусҳои инсондӯстона ва қадршиносию гиромидошти олимону орифони миллати тоҷик ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ин иқдомҳои ибратбахш баҳои баланд доданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.












Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






