Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд

Март 27, 2026 14:55

ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд.

Ташрифи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро бо боздид аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.

Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ — маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст.

Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Мақбара мураббаъшакл буда, бо гунбази муҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.

Оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад.

Иншоот ба рӯйхати Мероси фарҳангии ИСЕСКО низ ворид гардидааст. Ҳамарӯза садҳо гардишгар аз тамоми ҷаҳон ба тамошои ин мавзеъ меоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазор сол ба хизматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон арҷ гузошта шуд. Аз ҷумла, соли 1999 1100 — солагии давлатдории Сомониён бошукуҳ таҷлил гардида, дар шаҳри Душанбе муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Пули миллӣ — Сомонӣ ва яке аз ноҳияҳои пойтахт номи ӯро гирифт.

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро 27.03.2026

Март 27, 2026 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд