Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Суғд ба 5438,9 млн. сомонӣ баробар шуд

Ноябрь 25, 2016 17:33

Душанбе, 25.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар вилояти Суғд зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба вазъи корхонаҳои саноатии вилоят баргузор гардид.

Муовини Сарвазир зикр намуд, ки мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида дар вилоят 637 корхонаю иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ва коргоҳҳо ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 5438,9 млн. сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1697,9 млн сомонӣ ё ин ки 145,3% зиёд мебошад. Суръати моҳонаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 250,7 млн. сомонӣ ё ин ки 151,3% таъмин гардида истодааст. Дар муқоиса ба рушди афзоиши соҳаҳои саноат ва энергетикаи ҷумҳурӣ, ки дар ин давра 116,7%-ро ташкил мекунад, дастовардҳои вилоят қаноаткунанда менамоянд.

Дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ 127 адад ё ин ки 20%-и корхонаҳои саноатии вилоят пурра аз фаъолият бозмондааанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ин корхонаҳо дар соли 2015-ум 32,8 млн сомонӣ ё ин ки 0,6%-и нишондиҳандаҳои истеҳсолии соли ҷориро ташкил мекунад.

Бояд қайд кард, ки вилояти Суғд минтақаи нисбатан тарақикардаи саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст ва асоси саноатӣ гардонидани минтақа ҳанўз аз даврони шӯравӣ гузошта шуда буд.

Дар робита ба ин мутобиқи Нақшаи амали  Вазорати саноат ва технологияҳои нав оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои  нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2012-2016 дар ҳудуди вилояти Суғд зиёда аз  500 корхонаю  коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд. Пас шумораи корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бояд беш аз 1000 ададро дар вилоят ташкил диҳад. Бо назардошти иқтидори корхонаҳои саноатии қаблӣ, имрўз нишондиҳандаҳои саноатии вилоят низ бояд куллан дигар бошанд. Аммо воқеият иборат аз он мебошад, ки на танҳо фаъолияти корхонаҳои қаблан вуҷуддошта, балки  корхонаҳои ба тозагӣ сохта ба истифода додашуда низ дуруст ба роҳ монда нашудаанд, ё ин ки бе ҳисобу китоби дақиқи истеҳсолӣ ва захираҳои ашёи хоми маҳалӣ сохта мешаванд.

Умедбахш он мебошад, ки таркиби маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят иборат аз соҳаҳои гуногун буда, дар он ҳиссаи саноати маъдан 24,8%, саноати хўрокворӣ 23,6%, электроэнергетика ва тақсимоти об   18,4 %,  саноати ангишт 12,9%, мошинсозӣ 7,8%-ро ташкил мекунанд ва вобастагии вилоят танҳо ба як самти муайяни иқтисод мушоҳида намегардад.

Муовини Сарвазир махсусан таъкид кард, ки иқтидори корхонаҳои пахтатозакунии кишвар зиёда аз 2 миллион тонна ва аз вилоят, зиёда аз 500 ҳазор тонна мебошад. Аммо истеҳсоли воқеии пахтаи хоми кишвар айни замон на бештар аз 350 ҳазор тонна пахтаи хомро ташкил мекунад. Ин гувоҳи он мебошад, ки мо пешакӣ медонем, ки иқтидорҳои корхонаҳои пахтатозакуниамонро бо ҳаҷми зарурии пахта таъмин карда наметавонем. Дар ин радиф ҳаҷми коркарди пахта дар корхонаҳои ресандагӣ тамоюли рў ба таназзулро нигоҳ медорад. Агар дар соли 2015 ҳаҷми умумии истеҳсоли ришта ҳамагӣ  8720 тоннаро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 4839,6 ё ин ки 3880,4 тонна кам гардид.

Бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, пешниҳоди дастаҷамъонаи корхонаҳои коркарди пахта ҷиҳати табдил додани 10% андоз аз фурўши пахта дар бозори дохилӣ ба боҷи содиротӣ дастгирӣ карда шуд. Интизор меравад, ки ин иқдом корхонаҳои коркардро ҳавасманд гардонида, на танҳо дар афзун гардидани қисмати даромади буҷаи давлатӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми коркард ва пардохти боҷи содиротӣ, балки дар ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ  ва бо ин васила дар баланд бардоштани некўаҳволии мардум низ саҳми арзандаи худро мегузорад.

Муовини Сарвазир ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони корхонаҳо, ҷиҳати ба кор даровардани  иқтидорҳои саноатии минтақа аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.

 

 

 

 

Ноябрь 25, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд