Агентии швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ омода аст дарсҳои омӯзиширо барои наҷотдиҳандагон роҳандозӣ намояд
Душанбе, 17.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ Регина Гуян изҳор дошт, ки ин сохтор омода аст барои роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ кумак расонад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бо ташаббуси Агентии швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо Регина Гуян мулоқот намуд.
«Роҳбари кумита аз рушди ҷараёни ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ширкат ва кумакҳои саривақтӣ ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ, ки баҳор ва тобистон рух дода буданд, изҳори минатдорӣ намуд»,-хабар доданд аз кумитаи мазкур.
Регина Гуян зикр дошт, ки ин ду ниҳод метавонанд дар оянда ҳамкории бештар дошта бошанд.
«Аз ҳама муҳим- ин ҳамоҳангсозӣ ва табодули таҷриба, аз ҷумла табодули ахбор ва тактика мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҳар кишвар ҷанбаҳои пурқудрати худро дорад»,- гуфт ҳамоҳангсози барномаҳои Агентии швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ.
Рустам Назарзода ташаббуси ҳамкорони швейтсарии худро дар мавриди гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони кумита ва расонидани кумак дар бунёди Маркази идораи ҳолатҳои буҳронӣ маъқул донист.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ояндаро низ баррасӣ карданд.
«Гидо Сутер, намояндаи дафтари Агентии швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ изҳор дошт, ки ҷониби Швейтсария омода аст бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ ҳамкории муштаракро идома диҳад»,-хабар дод манбаъ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






