Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДХ намоиши китоб баргузор шуд
Хоруғ, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) китобҳои илмиву таърихии Пешвои миллат ва олимону муаррихони маъруфи кишвар ба намоиш гузошта шуданд. Устоди ин донишгоҳ, номзади илми таърих Элбон Ҳоҷибеков гуфт, ки «Президенти кишвари мо кафили ҳифзи якпорчагии кишвар, нигоҳ доштани фарҳангу суннати миллат, сулҳу оромӣ, ташкили кору зиндагии шоиста барои шаҳрвандон ва ҳифзи марзу буми мамлакат аст. Нақши Президенти мо дар сарнавишти имрӯз ва фардои миллати тоҷик басо муассир аст ва ҳамаи онҳое, ки пешрафту тараққиёти онро мехоҳанд, аз Сарвари давлати худ пуштибонӣ хоҳанд кард».
Дар намоиш зикр гардид, ки: «Гиромӣ доштани Рӯзи Президент бори дигар назар андохтан ба таърихи гузаштаи худ, таҳлили амиқу беғаразонаи ҳодисаву воқеаҳое, ки аз сари мо гузаштанд ва муҳимтар аз ҳама, ҷилавгирӣ аз такрори чунин ҳаводиси талх дар ҷомеаи тоҷикон мебошад. Насли имрӯз ва фардо бояд донад, ки ин фазои ором бо чӣ заҳмату ҷонбозиҳо ба даст оварда шуд. Мутолиаи китоб беҳтарин василаи шиносоӣ бо таърих ва фарҳанги миллати худ аст ва ҳадафи мо аз баргузории ин намоиши китоб тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб аст».
Мудири китобхонаи мазкур Малика Алимамадова гуфт, ки «чанде қабл ба китобхона 1 ҳазору 600 нусха китоб ворид шуд, ки дар миёнашон асарҳои зиёде ба корномаи таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуданд. Мо аз он шод ҳастем, ки баъди намоиши мазкур донишҷӯён даҳҳо асарҳои илмиву таърихиро интихоб карда, барои мутолиа ба хона бурданд».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






