Чойхонаи «Оиша»-тарғибгари таомҳои миллӣ дар Маскав
Маскав, 26.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баробари берун шудан аз истгоҳи метрои Майдони обӣ (Водный стадион) дар ноҳияи Головинскии шаҳри Маскав садои мусиқии тоҷикӣ ба гӯшам расид. Маро эҳсоси хушҳолӣ фаро гирифта, беихтиёр ба сӯи ин макон роҳ пеш гирифтам.
Ин садои мусиқии тоҷикӣ аз чойхонаи «Оиша», ки дар калонтарин мағозаи машҳури пойафзолфурӯшии ин макон бо номи «Персей» чойгир аст, берун меомад.
Камолиддин Баротов, мудири чойхонаи мазкур, ки зодаи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон аст, зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Чойхонаи «Оиша» — ро мо бо мақсади хизмат расонидан ба ҳамватанонамон кушодем, то онҳо имконият дошта бошанд дар ин ҷо таомҳои болаззати тоҷикиро тановул намоянд. Ҳамзамон суруду мусиқии тоҷикиро шунида, фароғат баранд ва ба ёди Тоҷикистони азиз хумор бишкананд».
«Хушбахтона, тавре шумо мебинед, мо ба ҳадафамон расидем. Чойхонаи мо на танҳо барои ҳамватанон, балки барои мардуми маҳаллӣ ва намояндагони дигар халкиятҳои шаҳри Маскав низ ба макони дӯстдошта табдил ёфтааст. Онҳо бо мақсади тановули хӯрокҳои тоҷикӣ, аз ҷумла ошу манту ва санбӯсаҳои тоҷикӣ ба чойхонаи мо омада, ҳамроҳ бо худ ҳатман нонҳои тоҷикӣ мебаранд. Ин боиси ифтихори мо мебошад»-афзуд дар идомаи суҳбат К.Баротов.
Дар чойхонаи «Оиша» 10 нафар ҳамватанони мо бо ҷои кор таьмин гардида, маошашон аз 35000 то 50000 рубли русиро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин, тамоми хароҷоти барасмиятдарории фаьолияти кормандон аз ҳисоби даромади чойхона аст.
Рухсора Нурова, хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






