Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун баргузор мегардад
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар/. 25 ноябри соли равон соати 15:00 дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Саттор Турсун аз зумраи суханварони маъруф ва маҳбуби тоҷик буда, фаъолияти эҷодиаш қариб панҷоҳ солро дар бар мегирад. Вай муаллифи романҳои «Се рӯзи як баҳор», «Камони Рустам», «Садама ё худ Достони як марди саргардон», қиссаҳои «Пайванд», «Сукути қуллаҳо», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад» ва ҳикояву мақолаҳои адабӣ- публитсистии зиёде мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Аксар навиштаҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаҳои машҳури адабӣ ба табъ расидаанд.
Асарҳои Саттор Турсун ба забонҳои олмонӣ, маҷорӣ, англисӣ, словакӣ, ветнамӣ, булғорӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва урду тарҷума ва чоп шуда, дар Эрон низ аз тариқи маҷаллаи «Симурғ» нашр шудаанд.











Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






