Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳангоми сафарҳоям аз ободию пешрафти кишварҳо ба ваҷд меоям…» (Сухане чанд дар бораи китоби Пешвои миллат   «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки имсол ба таълифи он 10 сол пур шуд)

Ноябрь 14, 2016 13:41

          kitobb  Душанбе, 14.11.2016,/АМИТ «Ховар»/. Дар охири солҳои 80 ва оғози солҳои 90-и садаи ХХ дар бораи тамаддуни ориёӣ баҳсҳои зиёде буданд, ки баъдан онҳо боиси пайдо шудани созмони «Куруши Кабир» (баъд «Ориёнои Бузург») гардидиданд. Ин созмон, ки кўшиши пайванд ва ваҳдати тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳонро дошт, бо авҷ гирифтани ҷанги таҳмилӣ ва баробари ба сари ҳокимият омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро қатъ кард. Барои он қатъ намуд, ки ин андешаи нек таваҷҷуҳи Пешвои миллатро ба худ ҷалб намуд. Натиҷаи омўзиш ва пажўҳиши таърих ва фарҳанги ниёгон буд, ки Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006-ро Соли тамаддуни ориёӣ эълон карданд ва дар ҳамон сол китоби худро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, 2006) чоп намуданд.  Имсолба нашри ин китоби пурмуҳтаво расо  10 сол пур  шуд. АМИТ «Ховар» имрӯз мулоҳизаҳои профессор Равшан Раҳмониро роҷеъ ба ин китоб пешкаш менамояд.

           Дар охири садаи бист худшиносии миллӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ боло рафт. Инро аз осори адабӣ, забонӣ, таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангии тоҷикон, ки дар нимаи дуюми садаи бист таълиф шудааст, хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст. Ба хусус пас аз бозсозии М.Горбачёв равшанфикрони тоҷик аз аввалинҳо шуда, барои пойдории ояндаи забони хеш ва нигоҳ доштани ҷойгоҳи он дар ҷомеа мубориза бурданд ва дар охири солҳои ҳаштодум натиҷаи дилхоҳ ба даст оварданд, ки ин ҳам қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар он солҳо дар навиштаҳои фарзандони фарзонаи миллат  дар бораи таърихи ниёгон баҳсҳо доман заданд, дар осори адабӣ бо эҳсосоти баланди миллӣ   ба таърихи деринаи бостонӣ ишоратҳо карда мешуданд. Насли ҷавон   бо муҳаббат ва меҳри махсус ба ҳар асаре, ки марбут ба худшиносӣ буд, рў меоварданд ва онро дар ёдҳо супорида, дар маҳфилҳо, ҷашнҳо, арўсиҳо баён менамуданд ва месароиданд.

Ҳанўз Иттиҳоди Шўравӣ аз байн нарафта, дар оғози солҳои навади садаи бист дар он кишвари абарқудрат созмонҳои гуногуни миллӣ, иҷтимоӣ, ҳизбӣ, нажодпарастӣ ба вуҷуд омадан гирифтанд ва  таъсири  ин раванд ба кишвари мо низ эҳсос мешуд. Дар Тоҷикистон ҳам вазъияти буҳронии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ шиддат гирифт. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ зуд аз паи  он шуданд, ки вазъи мазкурро барои амалӣ намудани нақшаҳои шуми худ  истифода намоянд.

kitob-4  Дар оғози солҳои навади садаи бист дар канори ҳамаи гурўҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ созмоне ба вуҷуд омад, ки номи он дар аввал «Куруши Кабир» буд ва баъдан ба номи «Ориёнои Бузург» ба фаъолият шурўъ кард. Тибқи барномаи худ ҳадафи аслии ин созмон ваҳдати миллат, омўзиши фарҳанги ниёгон, пайванди забонии тоҷикон бо ҳамзабонон буд. Ҳамчунин ошкоро гуфта шуда буд, ки дар фаъолияти ин созмон унсурҳои нажодпарастӣ комилан вуҷуд надорад, балки ишорат шуда буд, ки агар миллате ба забон ва фарҳанги худ муҳаббат дорад, ба забон ва фарҳанги миллатҳои дигар низ ҳамон андоза самимият хоҳад дошт. Ҳадафи аслии ин созмон мардуми хешро бо фарҳанги арзандаи гузаштаи дуру наздикаш ошно намудан ва миллатро дар ин мавҷи пурталотуми ҷаҳонишавӣ, чун яке аз поягузорони фарҳаги башарӣ, дар канори миллатҳои дигари олам нигаҳ доштан буд (ниг.: Раҳмонӣ Р. «Ориёнои Бузург» – созмони миллатдўстон // Паёми Душанбе, 1992, № 56, 25 март).

Дар солҳои 1991-1992 даҳҳо созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ қонунӣ ва ғайриқонунӣ дар кишвари мо низ арзи вуҷуд карданд. Аз ин фурсати буҳронӣ истифода бурда, миллат ва кишварро ба доми бало кашиданд ва барои аз байн рафтани он хатари ҷиддӣ ворид намуданд. Дар он солҳо оқилон роҳҳои аз ин бало наҷот ёфтанро меҷустанд. Аъзоёни созмони «Ориёнои Бузург» низ.   Намояндагони он орзу мекарданд, то як шахси миллатдўст, башардўст ва мантиқӣ, ки ҳамаи андешаҳои мутараққии созмонҳои гуногуни ба миллат ва кишвар фоидаоварро дар як ҷо муттаҳид созад.

Соли 1992 рўзгор талх шуд. Буҳронҳои шадид кишварро фаро гирифтанд. Кор ба ҷое расид, ки яке ба ҷони дигаре дарафтод. Дар чунин марҳалаи сарнавиштсоз дар охири ҳамон сол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Бархе аз намояндагони созмони «Ориёнои Бузург» маҷлиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Хуҷанд (ноябри соли 1992) баргузор шуд, аз телевизион дида, ашки шодӣ рехтанд ва дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвари худро диданд ва тасмим гирифтанд, ки барои амалӣ намудани барномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар канори ў бошанд.

Аз нахустин лаҳазаҳои ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон тамоми умеду ормонҳои равшанфикрони солимақл дар барномаи фаъолияти ин сийсатмадори дурандеш мунъакис гардид. Он касоне, ки воқеан ошиқу дилсўзи миллат ва фарҳанги мардуми ориёитабор буданд, бо пиндори худ, гуфтори худ, рафтори худ ва бо қаламу амали худ бо ў буданд ва ҳастанд.

kitob-000 Ваҳдати миллат, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, ҷашни Фирдавсӣ, ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён ва даҳҳо ҷашну корҳои нек, ба хусус эъломи бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ (2006), соли забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абӯабдулло Рўдакӣ ва монанди ин ҳар фарди ошиқи миллатро ба ваҷд меорад. Ҳамаи ин барномаҳоро на фақат дар гуфтори эшон мебинем, балки дар навиштаҳои таърихии Ҷаноби Олӣ низ метавон дид, ки яке аз онҳо «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006) аст.

Силсилаи китобҳое, ки таи даҳ соли охир аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Аз Ориён то Сомониён) дар се ҷилд, таълиф гардиданд,   бори дигар миллатдўстон ва созандагони ояндаи кишварро бар он дилгарм намуд, ки тоҷикон бояд решаҳои ниёгони худро хубтар бидонанд ва ҳамчунин дар канори миллатҳои дигари олам барои сохтани ояндаи хеш бо ҷиддият машғул шаванд. Ҳадафи аслии рў овардан ба таъриху фарҳанги ниёгон, баъдан ба даст қалам гирифта, гузаштаро бо имрўз пайванд кардан чист? Худи Ҷаноби Олӣ ба ин савол дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ҷавоби мантиқӣ додаанд:

«Ҳангоми навиштани китоби «Аз Ориён то Сомониён» дар бораи сулолаҳои бузург, ки давлатҳои пуриқтидори аҷдодии моро таъсис дода, дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳм гузошта буданд, фикр карда, аз як тараф ифтихор мекардам. Ифтихор аз он ки мо, тоҷикон гузаштагони бузург дорем, таъриху анъанаи давлатдории беҳтарин насибамон шуда буд, воқеан ҳам нақши намоён дар таърих доштаем. Аз тарафи дигар, ҳисси таассуф ва              суолҳои зиёд азият медоданд. Чаро давлатҳои миллии қадимаи халқи мо ва ё халқҳои эронӣ дучори таназзул ва шикаст шуданд? Чаро ба тасодуфҳо ва бўҳронҳои таърихӣ тоб оварда натавонистанд? Ва чаро зиёда аз ҳазор сол тоҷикон давлатдории миллии худро аз даст доданд? Ба ҳамаи ин суолҳо ман хостам, ки аз таърих ҷавоб ҷўям» (с.105).

Ин чароҳо буд, ки сиёсатмадори дурундеши тоҷик ба таърих рў меорад, онро варақ мезанад, моҷароҳои онро мавриди омўзишии ҷиддӣ қарор медиҳад ва корҳоеро, ки барои ободии кишвараш ва миллаташ лозим аст, барномарезӣ мекунад. Бале, ў гаштаву баргашта ба таърих рў меорад, аз он сабақ мегирад ва ба зиёиён талқин мекунад, ки ҷиддитар гузаштаро биомўзанд, то имрўзу ояндаро бо  андешаи нек, бо ҳам якҷо, бисозем.

Китоби мазкур аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст. Дар муқаддима муаллиф ёдовар мешавад, ки «дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад» (с.1), ки милати тоҷик низ дар он ҳиссаи сазовори худро дорад. Баъдан нависандаи китоб бо далелҳои мантиқӣ аз баҳсу мунозираҳои осори илмии пажўҳандагони ориёшиноси кишварҳои ғарбию шарқӣ ва ҳиссаи арзандаи онҳо дар ин раванд ёдовар шуда, сабаби ба ин масъала даст задани хешро чунин баён мекунад:

«Ман вориди ҷузъиёти масъала нашуда, фақат чунин нуктаро қайд карданиам, ки мо ҳар чӣ бештар мероси пурҷғановати маънавии гузаштаро омўзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ мебахшем. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо чашмаи ҷўшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд.

            Барои онҳое, ки аз асли масъала дуранд ё ғаразолуд муҳокима меронанд, иқдоми мо шояд қобили дарк набошад. Вале ман асари мазкурро ба хотири аз гузаштаи пурифтихор ва маданияти гаронбаҳои ниёгонамон ҷудо нашудани насли оянда иншо кардам. Дар ин ҷо муқобилгузории миллати мо ба халқҳои дигар нест, ҷои ғуруре ҳам нест, балки ифтихор ҳаст. Ифтихор аз созандагӣ, аз истиқлол. Ин қарзест барои наслҳои оянда ва ҷавонони имрўз!» (с.11).

Худи ин суханон ҳар фарди солимақлро ба фикр кардан водор месозад ва ўро ба роҳи дурусту муфид роҳнамоӣ менамояд. Бале, мо дар ҳамон марҳилаи фикр кардан, роҳи ҷомеаро муайян намудан, насли имрўзро аз тамоми бурду бохти ниёгон огоҳ намудан ҳастем, то ояндаи хешро бо дониш ва фаросати баланд бисозем.

Бале, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои ба сари қудрат омаданаш ба фарҳанги ориёӣ на фақат дар гуфтор, балки дар амал корҳоеро анҷом дода,  ба ин восита мардуми имрўзи миллати тоҷикро ҳушдор дод, ки решаҳои аслии ниёгони худро бидонанд, аз он дарси ибрат бигиранд ва барои сохтмони ҷомеаи навин истифода намоянд.

Хонандаи ҷўё ва пўё ба саҳифаҳои баъдии китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чашм медавонаду эҳсос мекунад, ки ин асар барои баррасии ориёшиносӣ дар садаи бисту як такони ҷиддӣ бахшида, ба бисёр масъалаҳои пайванди мардумони забонҳои хонаводаи ҳиндуаврупоӣ баҳсҳои илмии мантиқиро роҳкушо хоҳад буд.

kitob-6Боби аввали асар «Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо» ном дошта, аз се бахш иборат аст. Унвони бахши аввали он «Ҳиндуаврупоиҳо» аст. Дар ин бахш муаллиф аз аввал ёдовар мешавад, ки «фарҳанги ниҳоят рангин ва нотакрори ҷаҳони муосир маҳсулу офаридаи халқ ё миллати ҷудогона, мамлакат ё кишвари мушаххас набуда, дастранҷи муборизаҳо ва кўшишҳои хастагинопазири тамоми мардуми ҷаҳон аст» (с.12). Сипас тадриҷан дар бораи забонҳои дунё, нақши забонҳо барои шинохти тамаддунҳо, маншаи аслии модарзабони ҳиндуаврупоиҳо, нишонаҳои он, умумият ва пайвастагии ин забонҳо бар асоси манобеи илмӣ сухан ронда мегўяд:

«Мутахассисон чунин ақида доранд, ки дар ҳудуди ҳазораи 5-4 пеш аз мелод забони ҳиндуаврупоӣ қабл аз тақсими он ба шохаҳо забони воҳиде будааст. Дар асрҳои 18-19 мелодӣ аксари ақидаҳо чунин буданд, ки Осиё на танҳо ватани хонаводаи забонҳои ҳиндуавропоӣ аст, балки бештари мардуми ҷаҳон низ аз ин минтақа бархоста, решаи тамаддуни ҷаҳонӣ низ дар ҳамин маҳал қарор дорад» (с.13).

Барои такмили ин гуфтаи хеш пажўҳанда ба манобеи илмии забоншиносон, бостоншиносон, мардумшиносон, таърихнигорони кишварҳои гуногуни олам ишорат мекунад; андешаи онҳоро роҷеъ ба ҷойгоҳи аслии модарзабони ҳиндуаврупоиҳо донистани Бохтар, Осиё, Гансуи Хитой, Ҳиндустон, даштҳои Осиёи Миёна, Олмон, даштҳои ҷанубу ғарбии Русия, шимолу шарқии Аврупо, каронаҳои баҳри Сиёҳ, даштҳои атрофи Волга, Шарқи Наздик, нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, Қафқози ҷанубӣ, Байнаннаҳрайни шимолӣ ва амсоли он меорад; идома доштани мубоҳисаҳои илмӣ дар атрофи ин масъаларо ба таври мантиқӣ таъкид менамояд. Баъдан ба хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб будани гурўҳи забонҳои ҳиндуэрониро ба таври зерин ёдовар мешавад:

«Дар асоси забонҳои эронии миёна (форсии миёна, портӣ, суғдӣ, бохтарӣ, сакоӣ, хоразмӣ, олонӣ) ва забонҳои ҳиндуи миёна (пракратӣ, палӣ, апабранша) забонҳои ҳиндуэронии муосир ба вуҷуд омаданд, ки ба гурўҳи эронии он забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, афғонӣ (пашту), осетинӣ, курдӣ, тотӣ, талишӣ, балуҷӣ, гурўҳи забонҳои помирӣ ва ба гурўҳи ҳиндии он забонҳои ҳиндӣ, банголӣ, панҷобӣ, синдӣ, урду, гуҷаротӣ, маратхӣ, ассомӣ, ория, непалӣ, сингалӣ, сиганӣ ва ғайра дохил мешаванд» (с.20).

Бахши дуюми боби аввал «Ҳиндуориёҳо» ном дорад. Барои дарки бештар ва амиқтари мафҳуми «ҳиндуаврупоиҳо» бояд роҷъ ба хешовандии «ҳиндуориёиҳо» итилоъ дошта бошем. Муаллиф барои шарҳи илмии ин масъала ҳамоно ба манобеи илмӣ ва назарии пажўҳандагони гуногуни ҷаҳон, ба монанди В.В.Гиригорев, Г.Н.Шендаков, Антуан Мейе, Б.Я.Ставиский, Э.А.Грантовский, Г.М.Бонгард-Левин, И.М.Дьяконов, Э.Бенвенист, Т.В.Гамкрелидзе, И.М.Оранский, Ж.Дюмезиль ва дигарон такя намуда, баҳсҳои дар атрофи вожаи «ориёӣ» буда ва муносибати ин қавмро бо қавмҳои ба ин мардум наздик, бо далелҳои мантиқӣ шарҳ медиҳад. Ҳамчунин ҳар гуфтаи худро дар тарозуи илмӣ баркашида, аз осори забоншиносӣ, усутурашиносӣ, таронаҳои бостонӣ, ба хусус Ригведа, Авесто далелҳо меорад ва ба ин васила пайванди забони тоҷикиро бо решаҳои ниёгони худ нишон дода, ишорат мекунад: «Имрўз ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ равнақи тоза меёбад, робитаҳои мо бо ҳамзабонони худ васеътар ва амиқтар мешавад. Имрўз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурўҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанўз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таҳқиқи таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ омўхтан зарур аст» (с.31).

Дар асл мафҳуми «этнолингвистика» густурда аст. Ҳамаи мероси мардумони олам тавассути забон инъикос меёбад, пас мо бояд тамоми сарвати дар миёни мардум бударо, ки то имрўз ҳамчун мероси суннатии расму оин, фолклор, ҳунар мавҷуданд, гирдоварӣ ва сабт  кунем ва онро чун санади илмӣ дар мавридҳои муносиб барои омўхтани  решаҳои гузашта ва имрўзи башар ба кор барем. «Омўхтан зарур аст», —  гуфтани Эмомалӣ Раҳмон суханони зерини академики машҳури рус Д.С.Лихчёвро ба ёд меорад, ки гуфта буд: «Фонде бояд таъсис дод, ки дар касетҳо ба ҳар тарзе забон, фолклор, маишат, расму оин, анъана ва ҳунари қавмҳои хурд сабт гардида, нигаҳдорӣ шавад. Барои ин гуна сабтҳо махзани боэътимод таъсис додан лозим аст. Мо дар бораи нигаҳдории генофонди ҳайвонот талош меварзем ва ҳол он ки роҷеъ ба генофонди башарият бояд таваҷҷуҳи бештари дилсўзона дошта бошем» (ниг.: Лихачёв Д.С. «Беден не тот, у кого мало, а тот, кому мало» // Дуружба народов, 1986, №6, с.220-224, с.224).

Тавре ки банда мушоҳида мекунам, дар навиштаҳо ва гуфтаҳои Президенти кишвар ҳамин гуна дилсўзиро барои нигаҳдорӣ ва мавриди баррасӣ қарор додани тамоми суннатҳои мардумӣ мебинам ва ҳатто эшон дар раванди суханрониҳои хеш ҳамеша ба фарҳанги суннатии мардуми тоҷик, ки дар забони мардум ҷорист, такя менамояд.

Муаллифи китоб як лаҳза сафарҳои худро ба ёд меорад ва тарққиёти кишварҳои дунёро дида, ба ваҷд меояд. Ҳамчунин ба воқеа ва ҳодисаҳои ногувори имрўзи ҷаҳон рў оварда, афсўс мехўрад:

«Ҳангоми сафарҳоям ба давлатҳои дунё, ҳамчун сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ободию пешрафти кишварҳо, дастовардҳои илму технология ва фарҳангҳои пешрафтаи онҳо ба ваҷд меоям. Вале аз он ки боз ҳам дар баъзе гўшаву канори дунё хун мерезад, таркишҳо ба амал меоянд, таҳамулнопазирӣ ва ифротгароӣ боиси зиддиятҳои хунин мегарданд, мутассир мешавам» (с.113).

Таърих пур аз мубориза аст, вале таъсири тамаддуни ориёӣ ва қавмҳои марбут ба ин тамаддун ҳамеша кўшиш намудаанд, ки нишонаҳоеро аз ин фарҳанги оламашумули башарӣ бо худ дошта бошанд ва онро ба наслҳои баъдӣ интиқол бидиҳанд, ки дар китоби Эмомалӣ Раҳмон бештар ҳамин ҷиҳати масъала ҷойгоҳи махсус дорад, то ки дар асоси он миллати тоҷик ба роҳи сохтани ояндаи дурахшони худ кўшиш намояд. Дар бахши «Ҳайтолиён ва тамаддуни ориёӣ» муаллиф мавқеи онҳоро дар арсаи таърих нишон дода, дар бораи яке аз хизматҳои онон чунин менигорад: «Як хизмати таърихии онҳо дар он буд, ки баъди барҳам хўрдани давлати Кушониён ва даврони парокандагии сиёсӣ ҳайтолиён аз нав Бохтар (Тахористон) ва қисматҳои дигари Осиёи Миёнаро дар ҳайати як давлат муттаҳид карданд» (с.231).

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи давалти Сосониён, ки 425 сол мавҷуд будааст, суханони нек мегўяд ва ҳиссаи онҳоро дар офаридани як тамаддуни мутараққӣ арзанда медонад: «Ин тамаддун идомаи мантиқии тамаддунҳои қадими халқҳои ориёӣ, алалхусус Ҳахоманишиён ва Портиён буд» (с.260). Пас аз анҷоми ин боб тасвирҳои зиёде оварда шудааст, ки ҳар кадоме чун санади таърихӣ ва ҳуҷҷати муҳим барои тақвияти гуфтаҳои муаллиф муносиб аст (нигар: пас аз саҳифаи 261).

Яке аз бахшҳои  ин боб роҷеъ ба «Меҳрпарастӣ» аст. Муаллиф ба ёд меорад, ки меҳр яке аз худовандони бузурги то замони Зардушт мебошад. Баъдан пажўҳанда дар бораи решаи пайдоиши вожаи меҳр ва густариши оини меҳрпарастӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада, тамоми Осиё ва Аврупоро фаро гирифта буд, сухан меронад. Дар ин ҷо муаллиф ба нуктае ишорат менамояд, ки ҷолиб аст. Ин оид ба якранг будани расму оинҳои мардуми ориёӣ мебошад.

Дар ин ҷо метавон бо такя ба анъанаҳои мардумӣ ёдовар шуд, ки мардуми эронитабор бахше аз ҳамон фарҳанги умумии хешро то ба имрўз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл овардаанд, албатта  бо баъзе нишонаҳое аз расму оинҳои бостонӣ, ки то имрўз расидаанд. Яке аз онҳо эҳтиром ба оташ аст. Ҳоло ҳам дар байни тоҷикон ҳангоми баргузории баъзе маросимҳо ба кор бурдани оташро муҳим меҳисобанд (Аз ҷумла дар маросими «Мушкилкушо» ё ҳангоми баъзе бемориҳо «алавгардон» кардани бемор ва ғ).

Ба мушоҳида мерсад, ки дар аксари манотиқи Тоҷикистон, тоҷикнишинони кишварҳои ҳамсоя, дар кишварҳои Эрон, Афғонистон, ҳамчунин дар он манотиқе, ки курдҳо ва баллучҳо зиндагӣ мекунанд, нишонаҳои зиёди расму оинҳои бостонӣ боқӣ мондааст, ки байни табори ориёӣ муштарак мебошанд. Аз ҷумла, бархе аз нишонаҳои фарҳанги ориёиро дар баъзе маросимҳо ва боварҳои мардумӣ ба монанди «дуо», «қасам», «шугун», «алас», «фол», «Бибисешанбе», «Мушкилкушо» ва монанди инҳо метавон пайдо кард (ниг.: Раҳмонӣ Р. Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик. Душанбе 2008; Rahmoni R. Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition (With video-records). Dushanbe-Budapest. Moscow: Humanitary, 2002).

Масалан, банда борҳо шунидаам, ки ба офтоб қасам мехўранд ва мегўянд: «офтоб занад ки фалон…», ё ҳанўз ҳам дар кўҳистони Тоҷикистон рўи хонаро ба сўи офтоб месозанд. Ё, барои  мисол, то ба ҳол мардум оташро чун воситаи табобат истифода мебаранд ва онро дар баъзе мавридҳо муқаддас мешуморанд. Дар айни замон омўзиши ин масъала вазифаи мардумшиносон аст, ки ин нишонаҳоро гирдоварӣ намоянд ва мавриди пажўҳиши илмӣ қарор бидиҳанд. Чунки бархе аз онҳо нишонаҳое аз фарҳанги ориёӣ ҳастанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар раванди пажўҳиши худ ба бархе намунаҳои фарҳанги гуфторӣ ба монанди ривоятҳо ишорат карда, дар асоси манобеи илмӣ, роҷеъ ба оини меҳрпарастӣ; густариши он; тарзи иҷрои он; пайравони он; аҳамияти он; омезиши бовар ва эътиқодоти ориёӣ, бобулӣ, юнонӣ; таъсири оини меҳрпарастӣ ба масеҳият ва амсоли ин сухан рондааст (с.280-303).

kitob-2Ҷустуҷў ва фаъолияти илмӣ нишон медиҳад, ки ҳам мардум ва ҳам адибони кишварҳои эронитабор то ба имрўз чун чархаи парастиш, чун эътиқодот ва ё чун воситаи тасвири бадеии мифопоэтикӣ аз бозмондаҳои фарҳанги ориёӣ, истифода менамоянд. Масалан, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ин кор даст зад ва дар натиҷа ў дар адабиётшиносии мо нахустин касе аст, ки бо такя бар равишҳои нави илмӣ ба баррасии устура (ба хусус нишонаҳои фарҳанги ориёӣ) пардохт. Эшон ҳамчун мифопоэтика дар рўзгори мардум ва баъдан дар фолклору адабиёти мо ҷойгоҳи махсус доштани устураро ба таври густурда, аз замони бостон (давраҳои ориёӣ) то имрўз мавриди пажўҳиш қарор дод (ниг.: Раҳмонов А. Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣтоҷикӣ. Душанбе, 1999; Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ. Душанбе, 1999; Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ. Душанбе, 2004).

Дар омади гап, имрўз фурсати он расидааст, ки бархе аз пажўҳандагон бо ин кор машғул шаванд. Ҳоло бо ташаббуси А.Раҳмонзода дар дарсҳои устурашиносӣ на фақат гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар амал табиқ аст, балки ҳамчун сарчашмаи илмӣ устодони дигар низ аз китобҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода менамоянд. Акнун вақти он расидааст, ки устураҳои бостонро ба забони сода барои хонандагон омода созем. Ҳамчунин барои гирдоварӣ ва нашри илмии манобеи расму оинҳо, асотир, афсонаҳо ва амсоли ин ҷиддитар машѓул шавем, ки дар онҳо нишонаҳои тамаддуни ориёӣ мавҷуд аст.

Боби чаҳоруми китоб «Оини зардуштӣ» ном дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар фасли аввали он оид ба «Замон ва макони Зардушт» баҳс карда, аз ҷумла менигорад: «Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу ҷозибанок аст, ки бисёр халқҳои бостонӣ вайро аз нобиѓагони ҷаҳони куҳан донистаанд. Ҳатто чунин халқе ба мисли юнониҳо, ки Ғарби муосир фарҳанги онҳоро сарчашмаи тамаддуни имрўзаи худ медонад, аз айёми куҳан бо номи ў ошно буда, дар  бораи дини ў маълумоти муайян доштаанд» (с.319).

Сипас муаллиф бар асоси мадорики илмӣ бо такя бар гуфтаҳои пажўҳандагон Мери Бойс, Кристенсен, Оштиёнӣ, Кёйпер, Фрай, Крюкова, Мўъминзода, Массон, Муин, Баҳор, Маркварт, Пур Довуд, Омўзгор, Нюберг, Абаев, Бернштам дар бораи замони зиндагии Зардушт, хонаводаи ў батафсил сухан ронда, бар асоси «Авесто», роҷеъ ба он минтақаҳое, ки дар ин китоби муқаддас омадааст, маълумот медиҳад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди   баҳсҳои бархе аз олимон ақидаи  баъзе аз онҳоро ҷонибдорӣ мекунад, ки яке аз онҳо гуфтаи Л.Н.Гумилев аст. Ин пажўҳанда сабаби ҷудоии ориёиҳоро ба эронӣ ва тўронӣ дар мазҳаб медонад, ки гуфтааст: «Ҳамаи ориёиёне, ки имону эътиқоди худро нисбат ба динҳои бостонии худ ҳифз карда буданд, тўронӣ гардида, онҳое, ки дини зардуштиро қабул карда буданд, эронӣ шуданд» (Ниг.: Гумилев Л.Н. Тысячелетие вокруг Каспия. М., 1993, с.58). Ба идомаи ин гуфтор назари мантиқии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинем: «Ин ақидаи донишманди рус то андозае воқеъбинона буда, аз як сў, воқеияти таърихиро инъикос мекунад ва аз ҷониби дигар бо мундариҷоти Авесто мувофиқат дорад» (с.361).

Манбаъҳои дигари қадимӣ низ  андешаи Гумилевро тасдиқ мекунанд, вале бархе аз тарихнигорони нажодпараст ин нуктаро  нодида мегиранд ва вожаи «Тўрон»-и ориёиро ба самти худ мекашанд, аз он «пантуркистон» барои хеш ҳувият месозанд. Дар таи чанд даҳсолаи охир баҳсҳое дар бораи комилан ҷудо будани эронӣ ва тўронӣ байни пажўҳандагони гуногун то ба имрўз идома дорад. Ин муҳаққиқон баҳсҳои подарҳаво, бемутолиа, беасос доранд, ки тўрониро комилан аз эронӣ ҷудо медонанд, ҳатто гоҳе тахминан ва бедалел ба Л.Н.Гумилев ишорат мекунанд, ки гўё тўрониён ба эрониён ҳеч иртиботе надошта бошад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон ба ин баҳс бори дигар равшанӣ меандозад, ки тўрониҳо яке аз қабилаҳои ориёӣ буданд (с.360-365).

Бахши сеюми ин боб «Таълимоти Зардушт дар бораи ҷаҳон, инсон ва ахлоқ» ном дорад. Дар он таҳкурсии ахлоқии ин таълимот, ситоиши рўшноӣ ва мазамати торикӣ, некӣ ва бадӣ, Аҳрумаздо ва Аҳриман, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек, аз ҳам ҷудо набудани ҷаҳони моддӣ ва маънавӣ, ҳамеша дар имтиҳон будани одам, эътимод ба донишу маҳорат, такя ба хирад, ободию бунёдкорӣ, азнавсозии ҷаҳон тавассути дониш ва даҳҳо масъалаҳое, ки то ба имрўз барои сохтани ҷомеаи мутамаддин арзиши худро гум накардаанд, мавриди пажўҳиш қарор гирифтаанд. Ҳамчунин дар ҳар мавриди муносиб муаллифи китоб бар он таъкид мекунад, ки ҳадафи бар фарҳанг ва таърихи ниёгон рў овардан аз сабақҳои пешин барои сохтани ҷомеаи навини Тоҷикистон дарси ибрат омўхтан аст:

«Ҳар коре, ки бо садоқату самимият анҷом мегирад, ҷаҳонро обод мегардонад. Ҳар кореро шахсе анҷом диҳад, ки онро нисбат ба дигарон беҳтар медонад.

            Аз гуфтаҳои боло, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дар барҳам додани ҷаҳонбинии асотирӣ ва дар радифи аввал қарор додани проблемаи инсон ва ҷаҳони ў фалсафаи Юнони Қадим муқаддам набуда, ин масъалаҳо бори нахуст ва ба таври ҳамаҷониба аз ҷониби дини яктопарастии Зардушт ва китоби муқаддаси он Авесто гузошта шудаанд. Бузургии фалсафаи Юнони Қадим аз он иборат аст, ки нукоти умдаи таълимоти Авесторо аз худ карда, ба он ҷанбаи амалӣ дод ва онро дар ихтиёри фалсафаи ҷаҳон гузошт» (с.398).

Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ҷаҳон пешгомӣ карда, дар ин китоб ҳақиқати сиёсиро, ки тоҷикон воқеан марбути ориёиҳо ҳастанд, бори дигар тасдиқ намуд ва барои пажўҳишҳои мантиқии оянда роҳи муносиб кушод. Эшон ба пажўҳандагони улуми иҷтимоӣ таъкид мекунад, ки домани таҳқиқ ва таҳлили худро фарохтар намуда, ба баррасии масъалаҳои гуногуни ориёӣ ба таври густурда ва ҷиддӣ машғул шаванд ва барои наслҳои оянда омўзиши онро интиқол дода, онҳоро бо гузаштаи пурифтихор ошно созанд:

«Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни ориёиҳо меравад, қаламрави васеи зиндагӣ ва амалиёти низомию бархўрдҳои давлатҳои аввалини ориёӣ, динҳою фарҳангҳои онҳоро омўхтан зарур аст. Зеро миллати мо то ба имрўз чӣ гуна роҳҳои пурпечутоби таърихиро дар таркиби давлатҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ тай кардааст, мавриди алоқамандии бевоситаи мардуми мо, хосатан ҷавонон бояд қарор бигирад» (с.88).

Ин суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки бештар ҷустуҷў кунем. Хеле хуб аст, ки муаллиф тамаддуни ориёиро марбути тоҷикон, эрониён, афғонҳо ва қавмҳои дигари ҳиндуаврупоӣ  медонад. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, муҳаққиқон ба омўхтан машғул бишаванд, соҳиби самараҳои нек хоҳанд шуд

kitob-7Тамаддуни ориёӣ на фақат то ба Ҳинду Чину Тибет густариш ёфтааст, балки ба гуфтаи пажўҳандагони ғарбӣ асоси тамаддуни аврупоӣ ориёиҳо буданд, ки инро дар китоби Гордон Чайлд зери унвони «Ориёиҳо – асосгузори тамаддуни аврупоӣ» метавон мутолиа кард (ниг.: Чайлд Г. Арийцы. Основатели европейской цивилизации / Пер. с англ. И.А.Емеца. М.: ЗАО Центрполиграф, 2005). Аз ин ҷиҳат ба таърих рў овардани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нест.

Имрўзҳо гоҳе баъзеҳо дар миёни мардум, дар чойхона, ошхона, кўча, бозор, маъаракаҳо ва ҷойҳои дигар мегўянд, ки «гузашта чи лозим, ғами имрўзро хўр!», «омўхтани фарҳангу адабу таърихи гузашта ягон чиз медиҳад?».   Ба ин савол метавон бо савол муроҷиат кард: «Мо тоҷикон аз куҷо ба вуҷуд омадаем? Магар ҳамин лаҳза, 20 сол пеш, сад ё ҳазорҳо сол пеш?» Ҳама чизи имрўз реша бар гузашта дорад. Пас ба гузашта эътибори ҷиддӣ додани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст сохтани имрўз аст! Дуруст сохтани имрўз муҷиби ояндаи дурахшон хоҳад гашт! Аз ин рў решаҳои фарҳангии худро ҷустан аз рўи мантиқ буда, бар асоси санадҳо, пайванди имрўзро бо гузашта марбут донистан дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» инъикси худро ёфтааст, ки барои ҳар як тоҷики дурандеш ва хидматгори миллат ва Ватан муҳим аст!

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хулосаи ин китоб дар назди ҳар пажўҳанда вазифа мегузорад, ки барои донистани решаҳои ниёгон ҷиддитар машғул бишаванд: «Истиқлолияти миллӣ барои мо ҷиҳати сомон бахшидан ба ин кор имрўз шароити мусоиде фароҳам овардааст. Олимону муҳаққиқони мо бояд тамоми соҳаҳои адабу маърифат ва афкори диниву ирфонӣ ва ҷаҳониро омўхта, таъсиру нуфузи ин маънавиёти пурарзиши моро ҳарчи бештар дастраси ҷаҳониён намоянд.

            Мо имрўз зимни омодагӣ ба ин ҷашн (Соли тамаддуни ориёӣ – Р.Р.) огоҳ шудем, ки олимону ховаршиносони Ғарб ба таҳқиқи масоили мазкур хеле пештар аз мо даст задаанд, вале гумон мекунам, ки бо истифода аз онҳо худамон ба омўзиши масъалаҳои фарҳангу тамаддуни хеш бипардозем, онро беҳтару хубтар метавонем дарк намоем ва беҳтар манзури хонандагон кунем.

            Дар роҳи муайян намудани ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёӣ ва дигар тамаддунҳои ҳамҷавори он, ки ҳамзамон бо тамаддуни ориёӣ амал мекарданд, мо имрўз фақат қадаме ба пеш гузоштем. Зимни он мушоҳида намудем, ки бисёр масъалаҳои умдаи маданияти моддию маънавии тамаддунҳои мазкур ҳанўз равшан нашудаанд ва нукоти баҳсовари онҳо ба сабаби қадима буданашон ва осори катбӣ надоштанашон ҳаллу фасли худро дар адабиёти ориёшиносӣ наёфтаанд. Дигар масъалаҳои марбут ба забон, аз ҷумла интишори гурўҳи оилаи забонҳои ҳиндуэронӣ ва ба вуҷуд омадани оилаи ҳиндуаврупоӣ низ пурра ҳалли худро наёфтаанд.

Дар омўзиши ин масъала мо бояд бо олимону           забоншиносони Эрону Афғонистон, ки бо тоҷикон якҷо ҳомилони тамаддуни ориёӣ мебошанд, ҳамчунин донишмандони мамолики Ғарб ҳамкорӣ намоем, ҳавзаҳои маданию фарҳангии минтақаҳои мазкурро ба ин кор ҷалб кунем ва барномаҳои муштараки фарҳангӣ созмон диҳем. Зеро масъалаҳои тамаддуни ориёӣ он қадар бузургу густурда ҳастанд, ки омузиш ва дарки саҳеҳи онҳо ба танҳоӣ, бидуни иштироки муҳаққиқони минтақаи марбута амри муҳол аст» (с.445).

Бале, ҳақ ба ҷониби муаллиф  аст. Барои он ки сабаби ба эронӣ ва тўронӣ ҷудо шудан ва ё ба дину мазҳабҳои дигар гаравида, аслияти худро дигар кардани ориёиҳоро дарк кунем дуруст мебуд агар баъзе воқеаҳои имрўзро низ таҳилил ва қиёс намоем.   Магар имрўз ин ё он қавму миллат ҳама зери дирафши як дин ё як ҳизб қарор доранд? Албатта не! Ба даҳҳо дастаҳо ва гурўҳҳо ҷудо шудаанд. Ин яъне чист? Ҷавоби дақиқ додан мушкил аст.

Бозмондаҳои табори ориёиро фақат як чиз метавонад сахт ва воқеан муттаҳид созад, ки ин ҳам забони тоҷикии форсии дарӣ аст! Яке аз пажўҳандагони эронӣ Руқияи Беҳзодӣ низ ба баррасии қавму нажоди ориёӣ пардохта, ёдовар мешавад, ки: «…дар сарзаминҳои бо тўлу арзҳои густурдаи ҷуғрофиёӣ вуҷуди ҳамбастагӣ каму беш мутафовит аст… бо вуҷуди ин, беҳтарин омили пайванддиҳанда ва мутамаизсозанда забон аст. Ва он чӣ ки имрўз донишмандонро ба самту сўи шинохти ақвоми куҳан савқ медиҳад ва ёрӣ мекунад, забон ва дониши забоншиносӣ аст» (ниг.: Беҳзодӣ Руқия. Ориёиҳо ва ноориёиҳо дар чашмандози куҳани таърихи Эрон. Теҳрон: Интишороти Таҳурӣ, 1382 (=2003), с.5-6).

Андешаи оқилонаи Сарвари давлати Тоҷикистон буд, ки соли 2008 Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон шуд. Акнун ҳар зиёии тоҷик бояд мувофиқи тавоноии худ дар ин роҳ ҳиссае бигзорад, яъне аз гап ба амал гузарад. Барои рушди забони тоҷикии (форсии дарӣ) кори некеро анҷом бидиҳад. Яке аз ин корҳои нек ин хоҳад буд, ки тамоми рисолаҳои илмӣ дар тамоми риштаҳо     ба забони тоҷикӣ таълиф шаванд.

Ҷаноби Олӣ сабақҳои таърихро истифода намуда, мехоҳанд забони мо дар тамоми коргузорӣ ба тадриҷ мақоми миллӣ ва давлатии худро ҳамаҷониба пайдо кунад. Аз ин рў бисёр масъалаҳое, ки марбути рушди имрўзаи забони тоҷикӣ аст, сарвари оқилро ба ташвиш меорад. Маҳз аз ҳамин сабаб дар мавридҳои муносиб гаштаву баргашта пажўҳандагони забоншиносро таъкид мекунанд, ки омўзиш ва баррасии масъалаҳои гузашта ва имрўзаи марбут ба забонро ба таври муназзам идома диҳанд. Аз ҷумла ба забоншиносон пешниҳоди муфид мекунанд, ки муштаракоти забони портӣ ва тоҷикиро дақиқтар биомўзанд: «Тибқи иттилое, ки ман дорам, чандин сол боз дар байни забоншиносон дар бораи дар кадом макон пайдо шудани забони тоҷикӣ (форсӣ)-и нав – дар вилояти Форс ё Осиёи Миёна баҳс меравад. Дар ин робита муҳаққиқон хеле бамаврид унсурҳои муштараки забони тоҷикию портиро таъкид кардаанд. Забоншиносон бояд ин масъаларо таҳқиқу баррасӣ намуда, натиҷаи онро манзури оммаи васеи халқу миллати азизамон гардонанд» (с.179).

Эмомалӣ Раҳмон на фақат бо сиёсат, балки бо навиштаҳои илмию  таърихии худ ҷомеаро такони дигаре дод.   Яке аз ҳадафҳои асосии ҷаҳду талоши  Пешвои миллат дар ин самт он аст , ки тоҷикон дар канори миллатҳои дигари дунё ҷойгоҳи хоси худро дар таърихи имрўз, барои рушду пойдории  фарҳанги башарӣ  дошта бошанд.

 

                                                                                           Равшан РАҲМОНӢ,

                                                                                           профессори ДМТ

 

Ноябрь 14, 2016 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?