Фурудгоҳи Душанбе ба фасли сармо омода аст

Ноябрь 22, 2016 17:03

Душанбе, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми хадамоти рўизаминии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба фасли зимистон омода буда, дар ин рӯзҳои пурбарфу сард аз рӯи реҷаи маъмулӣ кор карда истодаанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Боришоти барфи нахустин ба кори техникаи рӯизаминӣ таъсир нагузошта, гусел ва пешвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ бидуни монеа сурат гирифта истодааст.
«Хадамоту шуъбаҳои фурудгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро бобати омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 омода сохтаанд ва имрӯз низ раванди татбиқи онҳо давом дорад. Бо ҳайати шахсии хадамоту шуъбаҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 машваратҳои дастурдиҳӣ-методӣ гузаронида шуда, техникаи махсуси аэродромӣ (автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, грейдер, мошини худрави боркунанда, ёрии таъҷилии тиббии Сикар-3868, амбулифт, мошинҳои муосири сўхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймо, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо, экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарордошта дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Инчунин тайёрии воситаҳои муоина ва мушоҳидаи видеоӣ — рапискан, сканер, асбобҳои дастии металҷӯӣ, камераҳо, толорҳои VIP,CIP ва интизорӣ низ омода ва тайёранд.
Сарфи назар аз сардиҳои пешомада, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ пайваста мекӯшад ва дар низоми ҷавҳонии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд.

 

Ноябрь 22, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад